ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои Афғонистон ва Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Июнь 3, 2019 10:59

ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи июни соли равон  бо дастаҳои  мунтахаби  Афғонистон ва Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.  Дар ин бора  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Футболбозони тоҷик бозии аввали дӯстонаи худро  7 июн  соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо  футболбозони афғон баргузор менамоянд. Бозии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 11 июн  дар шаҳри Гуанҷоу бо дастаи мунтахаби Чин доир мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки  футболбозони  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  аз 1 июн дар шаҳри Душанбе ба тамрин шурӯъ намуданд ва ба бозиҳои мазкур омодагӣ мегиранд. Сармураббии даста Усмон Тошев 25 бозингарро даъват кардааст: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар байни онҳо чаҳор нафарашон дар дастаҳои  футболи Булғористон, Индонезия, Қирғизистон ва Малайзия бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Чин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд), Алишер Баротов («Хатлон»).

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғория), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, Отабек Каримов («Истаравшан»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ: Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

 

Бозиҳои дӯстона
7 июн (ҷумъа)

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

11 июн (сешанбе)

Чин – Тоҷикистон

Гуанҷоу, Чин

Июнь 3, 2019 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид