ФУТБОЛ: имрӯз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ«Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад, дар робита ба ин, дирӯз, 6 июн нишасти хабарӣ бо иштироки намояндагони дастаҳои мазкур ва воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар нишаст сармураббиёну сарбонҳои ҳарду даста ба хабарнигорон иброз доштанд, ки ба бозии дӯстона комилан омодаанд.
Зимни нишаст сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Усмон Тошев чунин иброз дошт: «умедворам, ки бачаҳо бозии хуб нишон медиҳанд. Баъди ин бозӣ маълум мешавад, кӣ ба чӣ қодир аст. Бозиҳои дӯстона тамрини бузург аст. Чуноне ки дар футбол мегӯянд: «беҳтарин омӯзгор ин бозист». Албатта, мо мехоҳем, ки дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Афғонистон пирӯз шавем. Мухлисон ба бозиҳои мунтахаби миллии мамлакат пазмон шудаанд. Мо мекӯшем, ки ба боварии мухлисон сазовор шавем ва бозии хуб нишон диҳем».
Ҳамчунин дар нишаст сарбони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров гуфт, ки «дастаи мунтахаби Тоҷикистон кайҳо боз дар майдони худ бозӣ накардааст. Бозии охирин якуним сол пеш баргузор шуда буд. Мехоҳем дар ин рӯз бо ғалаба мухлисонро шод намоем».
Сармураббии дастаи мунтахаби Афғонистон Анӯш Дастгир ба хабарнигорон гуфт мутмаин аст, ки бозии дӯстона бо тими мунтахаби Тоҷикистон шавқовар сурат мегирад.
«95 дарсади бозингарони мо дар тимҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд. Мо огаҳӣ дорем, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби феълии Тоҷикистон низ ба мисли тими мо бисёр футболбозони ҷадид ҳастанд. Ҳарчанд бозӣ мақоми дӯстона дорад, ҳар як тим мекӯшад, ки пирӯз шавад», — иброз дошт А. Дастгир.
Дар идомаи нишаст сарбони дастаи мунтахаби Афғонистон Фаршод Нур зикр кард, ки «панҷ рӯз қабл аз бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омадем. Мо ба бозӣ ҷиддӣ омодагӣ дидаем. Ҳар рӯз ду бор тамрин мекардем. Дар ин бозӣ тиме, ки бозии хубтар нишон медиҳад, пирӯз хоҳад шуд».








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






