ФУТБОЛ: «Ливерпул» баъди 14 соли интизорӣ боз ғолиби Лигаи чемпионҳо гардид

Июнь 3, 2019 08:01

ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ«Ховар»/. Шаби 1 ба 2 июни соли равон бозии финалии Лигаи чемпионҳо миёни ду дастаи футболи Англия – «Тоттенҳэм Ҳотспур» ва «Ливерпул» дар варзишгоҳи «Ванда Метрополитано»-и шаҳри  Мадриди Испания баргузор шуд.  Дар ин  вохӯрии ҷолиб дастаи  футболи «Ливерпул»  бар дастаи «Тоттенҳэм Ҳотспур» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва  бори шашум ғолиби  Лигаи чемпионҳо гардид. Мавзӯъро  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.

Дар оғози бозӣ баъди партоби нимҳимоятгари «Ливерпул» Садио Мане тӯб дар ҷаримагоҳ ба дасти нимҳимоятгари «Тоттенҳем» Муҳаммад Сиссоко бархӯрд. Сардовари бозӣ Дамир Скомина аз Словения ба дарвозаи «Тоттенҳем» ҷаримаи 11 метра таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ ҳамлагари «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳи мисрӣ ба ҳадаф расонид. Голи дуюми «Ливерпул»-ро Дивок Оригии белгиягӣ дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид.

Бояд зикр кард, ки дар таърихи Лигаи чемпионҳо ин аввалин финале буд, ки бидуни кортҳои зард ё сурх ба поён расид.

Ба ин тартиб, дастаи футболи  «Ливерпул» баъди 14 соли интизорӣ боз ғолиби Лигаи чемпионҳо шуд. Дар ин муваффақияти даста ҳиссаи сармураббӣ Юрген Клоппи олмонӣ бузург аст.  Зимнан дар давраи фаъолияти ӯ ба ҳайси  сармураббӣ дастаи мазкур аввалин бор соҳиби ин ҷоиза гардид.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Ливерпул» дар таърихи мавҷудияти худ  бори шашум аст, ки барандаи Лигаи чемпионҳои УЕФА мегардад. Қаблан ин  муваффакиятро  дар Лигаи чемпионҳо солҳои 1977, 1978, 1981, 1984 ва 2005  сазовор шудааст. Дар таърихи ин мусобиқот дастаи  «Ливерпул» аз рӯи ин нишондод ба ҷойи сеюм баромад.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ҳама бештар дастаи «Реал»-и Мадриди Маврид (13 бор) ғолиби мусобиқоти асосии бошгоҳии аврупоӣ гардидааст. Аз он ҷумла, дастаи мазкур  дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) ғолиб шудааст. Дастаи футболи «Милан»-и Италия аз ин ҷиҳат дар ҷойи дуюм  қарор дорад. Италиявиҳо ҳафт бор барандаи Лигаи чемпионҳо шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқоти имсола дастаи «Тоттенҳэм» аз рӯи натиҷаи ду бозии нимфиналӣ дастаи  «Аякс»-и Ҳолландро шикаст дода, аввалин бор ба финали Лигаи чемпионҳо баромад.

Дастаи футболи  «Ливерпул» аз рӯи натиҷаи ду бозии нимфиналӣ бар дастаи «Барселона»-и Испания  ғолиб омада, ба финали Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи «Ливерпул» ин финали нуҳум ба шумор рафта, дар шаштои он ғолиб гардидааст. Соли гузашта дастаи  «Ливерпул» дар бозии финалии Лигаи чемпионҳо аз дастаи  «Реал»-и Мадрид бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи «Реал»-и Мадрид се бор пайи ҳам ғолиби Лигаи чемпионҳо гардид, ки дар муддати 43 сол ягон дастаи дигар ба чунин натиҷа даст наёфтааст.

Ба ифтихори ғалабаи «Ливерпул» дар варзишгоҳи дастаи мазкур 750 ҳазор нафар мухлисон ҷамъ омада буданд.

Июнь 3, 2019 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд