ФУТБОЛ: «Ливерпул» баъди 14 соли интизорӣ боз ғолиби Лигаи чемпионҳо гардид

Июнь 3, 2019 08:01

ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ«Ховар»/. Шаби 1 ба 2 июни соли равон бозии финалии Лигаи чемпионҳо миёни ду дастаи футболи Англия – «Тоттенҳэм Ҳотспур» ва «Ливерпул» дар варзишгоҳи «Ванда Метрополитано»-и шаҳри  Мадриди Испания баргузор шуд.  Дар ин  вохӯрии ҷолиб дастаи  футболи «Ливерпул»  бар дастаи «Тоттенҳэм Ҳотспур» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва  бори шашум ғолиби  Лигаи чемпионҳо гардид. Мавзӯъро  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.

Дар оғози бозӣ баъди партоби нимҳимоятгари «Ливерпул» Садио Мане тӯб дар ҷаримагоҳ ба дасти нимҳимоятгари «Тоттенҳем» Муҳаммад Сиссоко бархӯрд. Сардовари бозӣ Дамир Скомина аз Словения ба дарвозаи «Тоттенҳем» ҷаримаи 11 метра таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ ҳамлагари «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳи мисрӣ ба ҳадаф расонид. Голи дуюми «Ливерпул»-ро Дивок Оригии белгиягӣ дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид.

Бояд зикр кард, ки дар таърихи Лигаи чемпионҳо ин аввалин финале буд, ки бидуни кортҳои зард ё сурх ба поён расид.

Ба ин тартиб, дастаи футболи  «Ливерпул» баъди 14 соли интизорӣ боз ғолиби Лигаи чемпионҳо шуд. Дар ин муваффақияти даста ҳиссаи сармураббӣ Юрген Клоппи олмонӣ бузург аст.  Зимнан дар давраи фаъолияти ӯ ба ҳайси  сармураббӣ дастаи мазкур аввалин бор соҳиби ин ҷоиза гардид.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Ливерпул» дар таърихи мавҷудияти худ  бори шашум аст, ки барандаи Лигаи чемпионҳои УЕФА мегардад. Қаблан ин  муваффакиятро  дар Лигаи чемпионҳо солҳои 1977, 1978, 1981, 1984 ва 2005  сазовор шудааст. Дар таърихи ин мусобиқот дастаи  «Ливерпул» аз рӯи ин нишондод ба ҷойи сеюм баромад.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ҳама бештар дастаи «Реал»-и Мадриди Маврид (13 бор) ғолиби мусобиқоти асосии бошгоҳии аврупоӣ гардидааст. Аз он ҷумла, дастаи мазкур  дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) ғолиб шудааст. Дастаи футболи «Милан»-и Италия аз ин ҷиҳат дар ҷойи дуюм  қарор дорад. Италиявиҳо ҳафт бор барандаи Лигаи чемпионҳо шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқоти имсола дастаи «Тоттенҳэм» аз рӯи натиҷаи ду бозии нимфиналӣ дастаи  «Аякс»-и Ҳолландро шикаст дода, аввалин бор ба финали Лигаи чемпионҳо баромад.

Дастаи футболи  «Ливерпул» аз рӯи натиҷаи ду бозии нимфиналӣ бар дастаи «Барселона»-и Испания  ғолиб омада, ба финали Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи «Ливерпул» ин финали нуҳум ба шумор рафта, дар шаштои он ғолиб гардидааст. Соли гузашта дастаи  «Ливерпул» дар бозии финалии Лигаи чемпионҳо аз дастаи  «Реал»-и Мадрид бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи «Реал»-и Мадрид се бор пайи ҳам ғолиби Лигаи чемпионҳо гардид, ки дар муддати 43 сол ягон дастаи дигар ба чунин натиҷа даст наёфтааст.

Ба ифтихори ғалабаи «Ливерпул» дар варзишгоҳи дастаи мазкур 750 ҳазор нафар мухлисон ҷамъ омада буданд.

Июнь 3, 2019 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бо 4 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид
Ҳарифони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба ҷудо муайян шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт
ҶОМИ КФО-2023/24. «Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд