Хандаи ширини тифлон зери осмони нилӣ танинандоз бод!

Июнь 1, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил менамояд.  Ин сана дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ бо  бошукӯҳи хоса  ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА  бо  мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №72 –и ноҳияи Фирдавсии пшаҳри Душанбе Бунафшаи  АБДУРАҲМОН   суҳбат анҷом дод. Боғчаи мазкур  номи «Ситорача» -ро дорад.

АМИТ «Ховар»: Кӯдакон дар «Ситорача»  дар кадом шароит ва рӯҳия тарбия меёбанд?

Бунафшаи  Абдураҳмон: Роҳбарият ва аҳли кормандони боғчаи «Ситорача» фаъолияти хуро дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Парлумони мамакат баён  намуда буданд,  инчунин тибқи Стандарти  давлатии  таҳсилоти умумӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи  таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ  мондааст.

Дар боғча бо истифода аз  имконоти мавҷуда тамоми шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.   Боғча дорои  майдончаи варзишӣ,  ҳавзи шиноварӣ, толори баргузории чорабаиниҳои фарҳангию дилхушӣ, нишастгоҳҳои тобистона буда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ  ва дастурҳои методӣ, ки дар низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ истифода бурда мешаванд, таъмин аст. Дар «Ситорача» 180 нафар кӯдакон вобаста ба сину сол аз 1,5 сола  то 6-7 сола дар ҳашт гурӯҳ  бо забони тоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар таълиму тарбияи атфол  8 нафар мураббиён, ки дорои маълумоти олии касбианд, инчунин сармураббӣ, ҳамшираи шафқат, равоншинос ва дигар кормандони боғча  саҳми шоиста мегузоранд. Мураббиён  тамоми донишу истеъдоди худро барои дар рӯҳияи меҳру муҳаббат, хушоодобӣ,  ватандӯстӣ,  худшиносӣ, садоқат ба Модар-Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани табиат, омӯзиши касбу ҳунар ва дар маҷмӯъ, ҳамчун фарзандони ба нангу ор,  номбардор ва  фарзонаи сарзамини Тоҷикистон ба камол расонидани онҳо равона сохтаанд.

Дар боғча барои дар сатҳи  баланд ва хотирмон  таҷлил намудани ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Сада, Меҳргон, Наврӯз, Соли нави мелодӣ,  Рӯзи модар,  Рӯзи Ғалаба, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад,    барномаҳои  гуногуни фарҳангию дилхӯшӣ  ва варзишӣ  гузаронида мешаванд.

АМИТ  «Ховар»: Кӯдакон дар боғча ба кадом  машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд?

Бунафшаи Абдураҳмон: Дар боғча маҳфилу машғулиятҳои  мухталиф, аз қабили расмкашӣ, тарбияи мусиқӣ, санъати рақс,

тарбияи ҷисмонӣ, шиносоӣ бо муҳити атроф, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, тасаввуротҳои оддитарини математикӣ,  инкишофи нутқ,  саводомӯзӣ, гулчинӣ аз коғазҳои ранга бо истифода аз ширеш, омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ,  омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда  шудааст. Хусусан дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  дар боғча чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ   гузаронида мешаванд, ки ҳадафашон баланд бардоштани  тасаввуроту фаҳмиши бачаҳо ба ҳифзи табиати атроф,  ҳунарҳои мардумӣ,  ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллиамон аст, маҳсуб мешаванд.

АМИТ «Ховар»: 1 июн  дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волидайн  таҷлил мегардад. Дар ин росто, фаҳмидан мехостем, ки  робитаи падару модарон  бо аҳли кормандони боғча дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?

Бунафшаи Абдураҳмон: Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  баланд бароштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ва нақша чорабиниҳои боғча  дар ҳар  се моҳ бо волидайни бачаҳо, мулоқот гузаронида мешавад, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба тарбия ва таълими кӯдакон дар муассисаи томактабӣ баррасӣ гардида, фикру пешниҳодҳои падару модарон ба эътибор гирифта шуда,  дар раванди таълиму тарбияи кӯдакон  мавриди истифода қарор дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Оё ба кӯдакон забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешавад?

Бунафшаи Абдураҳмон:  Бо мақсади аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, назири русӣ, англисӣ, ки масъалаи мазкур дар Паёми Пешвои миллат  ба Парлумони мамлакат таъкид гардида буданд, дар боғча барои кӯдакон омӯзиши забонҳо русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст. Ба онҳо омӯзгорони  ботаҷриба ва собиқадор  забонҳои русӣ ва англисиро меомӯзонанд. Аллакай бисёре аз кӯдакон калимаю ҷумлаҳоро ба забонҳои русӣ ва англисӣ аз худ намуаанд ва бархеашон  озодона ҳарф мезананд. Бо забонҳои русӣ ва англисӣ шеъру тарона қироат мекунанд, ки он бозгӯи заҳматҳои омӯзгорон ва мураббиёни боғча аст.

Ҳамзамон дар боғча  чандин мураббиёни пешқадам фаъолият доранд, ки саҳми он онҳо дар тарбия ва таълими кӯдакон бузург аст. Марҳабо Қудратова, яке аз фаъолтарин муррабиёни боғча маҳсуб мешавад. Вай соли равон зимни  натиҷагирӣ аз озмуни «Мураббии сол» ба унвони «Мураббии сол» дар ноҳияи  Фирдавсӣ мушарраф гардид. Мавсуф дар радифи дигар ҳамкасбони худ тамоми донишу истеъдодашро ба бачаҳо талқин менамояд,  то онҳо дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносӣ  ва содиқ  мондан ба миллату сарзамин ба камол расанд.

АМИТ  «Ховар»: Дар самти омодагӣ ба  истиқболи сазовори  ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оё  дар боғча корҳои  ободонӣ ба роҳ монда шудааст?

Бунафшаи Абдураҳмон: Бале, дар партави омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллиамон, ки дар сартосари  мамлакат «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» эълон гардидааст, дар боғча корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, инчунин сабзу хуррам гардонидани саҳни ҳавлии боғча ҷараён дорад, ки ин раванд ба  беҳтар гардонидани сатҳу сифати низоми тарбия ва таълим дар ин муассисаи томактабӣ мусоидат менамояд. Тавре Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд: « Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки  насли наврас дар рӯҳияи замони муосир, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ  барои имрӯзу фардои Ватан ва миллат ба воя расанд». Бо такя ба гуфтаҳои Пешвои миллат мудирият ва аҳли кормандони  боғчаи «Ситорача» тамоми  кӯшишу ғайрат,  донишу истеъдод ва маҳорати худро барои  дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ  ба камол расонидани насли ояндасози миллат-кӯдакон  равона намудаанд.

Тарбияи кӯдак  ва  аз ҳар як падару модар ва омӯзгору  мураббӣ масъулияти бузургро тақозо менамояд. Зеро бузургмарде фармудааст:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

 АМИТ «Ховар»:Чун дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи атфол қарор дорем,  таманнои Шумо ба кӯдакон?  

Бунафшаи Абдураҳмон: Қабл аз ҳама ба кӯдакон тандурустӣ, осмони соф ва иқболи накӯро орзу дорам. Хоҳони онам, ки ҳамеша зери осмони мусаффо хандаи ширину беғаши тифлони сарзамини офтобиамон — Тоҷикистон танинандоз ва мурғакони бахташон баландпарвоз бошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин