ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар ҳошияи китоби «Суханҳои ҳикматомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»

Июнь 27, 2019 12:01

ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон  Саймумин Ятимов дар  мақолаи худ «Хирадсолорӣ ва оини ватандорӣ»(маҷаллаи  «Илм ва ҷомеа» № 2, соли 2019), навиштааст:  «Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдат Сарвари давлат андешаи миллиро дар мадди аввал мегузорад ва таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот вақте зуҳур меёбад ва аз худ қотеона дарак медиҳад, ки мафҳумҳои «замини аҷдодӣ», «Ватан», масъулияти шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҷузъиёти муҳими ҷаҳонбинии шаҳрвандон мубаддал гардад…».

 Тавре муаллиф дар муқаддимаи  мақола  овардааст, «мавзӯи  баҳси  мақола  кӯшиши  омӯзиши  баъзе  аз  паҳлуҳои  китоби  «Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат  Эмомалӣ  Раҳмон» ( Душанбе:  ҶДММ  «Контраст»,  2017.  –  464  саҳ.)  мебошад». Муаллиф дар ин  нигоштаи худ, аз ҷумла,   дар бораи худшиносии миллӣ ва ваҳдат  чунин менависад:

Пешвои  миллат  мантиқи  худшиносии  миллиро  ҳамчун  истилоҳи  аз  ҷиҳати  сохторӣ  мураккаб  тафсир  мекунад.  Ҷузъи  семантикаи  дохилии  он  бо  якдигар  дар  алоқамандии  зич  қарор  доранд.  Бо  шинохти  онҳо  хонанда  барои  дарки  афкори  хирадмандона  ва  волои  Сарвари  давлат  заминаи  хубтар  пайдо  мекунад.

Дар  баёни  маъниҳои  худшиносӣ  ва  ваҳдат  Сарвари  давлат  андешаи  миллиро  дар  мадди  аввал  мегузорад  ва  таъкид  мекунад,  ки  чунин  тасаввурот  вақте  зуҳур  меёбад  ва  аз  худ  қотеона  дарак  медиҳад,  ки  мафҳумҳои  «замини  аҷдодӣ»,  «Ватан»,  масъулияти  шинохт  ва  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  ба  ҷузъиёти  муҳимми  ҷаҳонбинии  шаҳрвандон  мубаддал  гардад,  яъне  дарки  воқеияти  маънавӣ  бошад.  Давлат  танҳо  дар  ҳамин  сурат  устувор  мемонад:  «Андешаи  миллӣ  барои  таҳкими  ваҳдати  комил  ва  рушди  устувори  давлатдорӣ  нақши  басо  муассир  мебозад.  Сулолаҳо,  шоҳону  лашкаркашон  меоянду  мераванд,  низомҳои  сиёсиву  иҷтимоӣ  дигаргун  мешаванд,  аммо  андешаи  миллӣ  ҳамчун  ганҷи  бебаҳо  дар  масири  ин  таҳаввулот  торафт  сайқал  ёфта,  боз  ҳам  пурмазмун  ва  пурҷилову  тобнок  мешавад»  («Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» – С. 47).

Роҳбари  давлат  андешаи  миллиро  дар  «ифтихор  кардан  аз  Ватани  аҷдодӣ»,  «давлати  соҳибистиқлол»  ба  хотири  «таҳкими  ваҳдати  миллӣ  ва  сарҷамъии  миллат»,  «ободиву  имрӯзу  фардои  кишвар»  мебинад.  Дар  баробари  ин,  ба  хатарҳои  рӯзмарра,  ки  аз  таъсиру  таҳдиди  «андешаҳои  бегонапарастӣ,  ифротгароиву  тахрибкорӣ  ва  тундравию  таассуб  ба  тафаккури  мардуми  мо,  бахусус  ҷавонон»,  иборат  мебошанд,  ишора  менамояд.  Мусаллам  аст,  ки  чунин  аъмол  тавассути  роҳу  воситаҳои  пинҳону  пардапӯш  анҷом  дода  мешаванд.  Ба  воситаи  муқоиса  ва  дарёфти  тазоди  маънӣ  ва  арзишҳои  ифодагардида,  мақсаднокии  сухан  равшану  возеҳ  тафсир  мегардад.  Ҳамчун  мисол  хулосаи  Жан  Бартелеми  (1716  –  1795), олим  ва  нависандаи  маъруфи  франсавиро  ба  хотир  овардан  ҷоиз  аст,  ки  мегӯяд:  «Хирад  –  ақли  соҳибмаърифат  мебошад,  ки  аз  зуҳурот  пардаи  дурӯғин  берун  меоварад  ва  симои  ҳақиқии  онро  дар  намоиш  мегузорад».

Пешвои  миллат  ҷаҳонбинӣ  ва  андешаи  миллиро  бо  далелҳои  эътироф  ва  эҳтироми  урфу  одат  ва  анъанаҳои  деринаи  мардумӣ  омили  муҳим  барои  худшиносии  миллӣ  мешуморад.  Дар  ин  лаҳза  на  танҳо  қудрати  истодагарӣ  карда  тавонистани  фарҳанги  миллати  тоҷик  ба  бегонагон,  балки  ба  маънавиёти  истилогарон  таъсир  расонидан,  бар  онон  пирӯз  гаштан  ишора  карда  мешавад:  «Аҷнабиёне,  ки  дар  давру  замонҳои  гуногун  ба  сарзамини  ҳамешабаҳор  ва  ободи  ниёгонамон  ҳуҷум  мекарданд,  натавонистанд  суннату  оинҳои  аҷдодии  моро  маҳв  кунанд.  Баръакс,  фарҳанги  қадимаву  расму  оинҳои  инсонпарваронаи  мо  онҳоро  бо  гузашти  айём  асири  хеш  мегардонданд.  Гузашта  аз  ин,  бисёр  аҷнабиён  Наврӯзро,  ҳамчун  ҷашни  бузургу  бошукӯҳ,  ба  диёри  худ  бурдаанд  ва  аз  арзишҳои  маънавию  фарҳангии  халқи  мо  дарси  ҳикмат  омӯхтаанд»  (Ҳамон  ҷо.  –  С. 48).

Ин  андешаҳо  дорои  маънии  бисёр  бузурганд.  Ғолибияти  идеяҳо  –  ғолибияти  маънавии  халқ  мебошад.  Зеро  он  на  танҳо  ҳувияти  миллиро  нигоҳ  дошт  ва  ҳифз  кард,  балки  дар  набардҳои  давлатсозӣ  дигаронро  маҷбур  сохт,  ки  мавҷудияти  миллат  ва  оқибат  истиқлолияти  онро  эътироф  кунанд.

Мустақилият  дар  тафсири  Пешвои  миллат  танҳо  мафҳуми  ҳуқуқӣ  нест.  Аҳамияти  бунёдӣ  –  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  байналмилалӣ  дорад.  Таъкид  мегардад,  ки  маҳз  ба  шарофати  комилҳуқуқ  будан  даҳҳо  барномаву  нақшаҳои  сарнавиштсози  давлатии  рушди  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  дар  кишвар  амалӣ  гардиданд.  Ва  маҳз  ҳамин  комилҳуқуқӣ    «мақому  ҷойгоҳи  сазовори  Тоҷикистони  азизамонро  дар  арсаи ҷаҳон таъмин  кард» (Ҳамон  ҷо.  –  С. 50).

Сарвари  давлат  ба  мафҳумҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлолият»  маънои  низомсоз  медиҳад  ва  онҳоро  бо  ҳамдигар  зич,  вобаста  медонад. Дар  ҳамин  асос  муътақид  аст,  ки  ин  арзишҳои  муқаддас  дӯстиву  бародарии  тамоми  сокинони  Ватани  азизамонро  таҳким  мебахшанд.

Дар таълифи Сарвари давлат масъалаи  меҳварӣ,  яъне  хештаншиносӣ ва  худшиносии  миллӣ  дар  ҷои  аввал  меистад.  Ӯ  гаштаву  баргашта  хотиррасон  мекунад,  ки  инсон бояд  қувва ва  имконоти  худро  дар  вобастагии  кулл  бо  доираи  манфиатҳои  миллӣ  дарёбад,  таърихи миллатро донад, худро  нисбат  ба  тақдири  Ватан  масъул  шуморад  ва  худкифо  бошад.

Дар  таълимоти  Пешвои  миллат таърихи  халқ  маҷмӯи  равандҳо  ва  натиҷаҳое  мебошад,  ки  худи  фарзандони  миллат  офаридаанд  ва  ба  онҳо  муваффақ  шудаанд.  Ҳамзамон  бо  ин,  шахсиятҳои  бузурги  таърихӣ,  ки  худро  ҳамчун  қаҳрамон  ва  номбардорони  миллат  муаррифӣ  кардаанд,  ба  некӣ  ёдоварӣ  карда  мешаванд.  Аз  ин  лиҳоз,  зарурати  аз  онҳо  ибрат  гирифтан  ва  ба  онҳо  пайравӣ  карданро  таъкид  месозад.

Дар  баробари  эътироф  кардани  арзишҳои  умумибашарӣ  эътиқодманд аст, ки  «ҳар  халқ ба фарҳанг  ва  анъанаву суннатҳои  миллӣ такя  намуда, бо роҳи  худ  инкишоф  меёбад» (Ҳамон  ҷо.  –  С.  60).

Панду  андарзҳои  Сарвари  давлат  дар  масъалаи  тақвияту  таҳкими  ваҳдати  миллӣ  ва  пояҳои  давлатдорӣ  дар  Тоҷикистон  решаҳои  боэътимоди  илмӣ  доранд.  Муттаҳидии  мардум,  пойдории  сулҳу  субот,  баланд  бардоштани  ҳисси  ватандӯстӣ  ва  худогоҳиву  худшиносӣ  ҳамчун  шартҳои  ҳифзи  манфиатҳои  кишвар  ва  афзоиши  неруи  иқтисодии  мамлакат  ҳамчун  омилҳои  муҳимтарини  рушди  давлатдории  миллӣ  эътироф  гардидаанд.  Маҳз  ба  ҳамин  хотир,  «ҳифзу  таҳкими  онҳо  вазифаи  ҷониву  имонии  тамоми  халқи  мамлакат» (Ҳамон  ҷо.  –  С. 67)  ҳисобида мешавад.

Июнь 27, 2019 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон