ИХТИСОРОТИ МҲТБО ЧИРО ИФОДА МЕКУНАД? Бо посух ба ин суол АМИТ «Ховар» бахши нави худ «Пурсед, ҷавоб медиҳем»-ро муаррифӣ мекунад

Июнь 12, 2019 12:12

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шумо савол доред? Ин хуб аст, зеро шумо ҷӯёи донишу маърифат ҳастед. Мегӯянд, пурсидан айб нест. Ин на танҳо айб нест, балки омили рушди инсон аст. Зеро вақте инсон чунин сифатро доро нест, вай паи омӯзиш, фаҳмиш ва дарки ҳодисоти рӯзгор намешавад, паи дарёфти иттилооту маълумот намегардад ва ҷиҳати рушди донишу ҷаҳонбинии худ ҳаракат намекунад.

Ҷӯёи донишу маърифат будан ҳаргиз маънии кунҷковии бемавқеъро надорад. Ин ду мафҳумро бояд аз ҳам фарқ кард.

Кунҷковӣ аксаран хоси расонаҳои ҳангоматалаб аст, ки баъзан барои дарёфти маълумоти пӯшида ё махфӣ, масалан, дар бораи ҳаёти шахсии одамон мароқ зоҳир мекунанд. Чунин кунҷковӣ, албатта, айб ва гуноҳ аст. Вале ҷӯёи донишу маърифат будан, баръакс, сифати хуби инсонист.

Суқрот дар вақташ гуфта буд: «Ман медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам». Ва Антон Чехов гуфтааст: «Ҳама чиро танҳо даунҳо (одамони  ноқисулақл) ва лутиҳо (қаллобон ва фиребгарон) медонанд. Касони солим ҳамеша ниёз ба пурсиш доранд…».

Инак, шумо дар бораи чизе ё касе  пурсидан мехоҳед? Марҳамат, ба мо савол диҳед, мо кӯшиш мекунем ба он посух гардонем. 

Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
масъули бахш

 

ВА ҲОЛО САВОЛИ АВВАЛ: Имрӯзҳо бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе дар бораи ихтисороти англисии МҲТБО ҳарф мезананд. Ин чӣ маъно дорад?

Рустам Каримов,
 сокини шаҳри Душанбе 


Ба ин савол сардори Раёсати иттилоот, матбуот ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо НИЯТБЕКЗОДА ҷавоб медиҳад: 

— Истилоҳи МҲТБО – ин Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад. Ин форуми байналмилалӣ мамлакатҳои қитъаи Осиё, ки таҳкими муносибат ва ҳамкории давлатҳои Осиёро бо мақсади таъмини амният ва субот дар минтақа вазифаи худ қарор додаанд, ба ҳам муттаҳид менамояд.

Ташаббуси даъвати Машварат бори аввал моҳи октябри соли 1992 зимни Иҷлосияи 47-уми Маҷмаи Умумии СММ аз ҷониби Президенти вақтии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба миён омада буд. Аввалин Саммити МҲТБО соли 2002 баргузор гардидааст.

Ҳоло Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка мамлакатҳои аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат Бангладеш, Беларус, Индонезия, Ливан, Малайзия, ИМА, Украина, Филиппин ва Япония дорои мақоми нозир мебошанд.

Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Лигаи давлатҳои араб, Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон созмонҳои иштирокчии Машваратанд.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад.

Зимнан, 14-15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе саммити мазкур доир мегардад. Саммит ҳар чор сол як маротиба бо мақсади баргузории машварат, баҳодиҳии раванд ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

Инчунин ҳар чор сол – ду сол пас аз баргузории Саммит вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ доир мегардад. Вохӯрии вазирон форуми асосӣ барои баргузоии машварат ва баррасии масъалаҳои вобаста ба фаъолияти МҲТБО мебошад.

Ҷаласаи Кумитаи мансабдорони аршад, дар ҳолати зарурӣ, вале  на камтар аз як маротиба дар як сол баъди қабули қарорҳои қаблии МҲТБО, барои баргузории машварат оид ба масъалаҳои ҷории МҲТБО, фаъолияти назоратии Гурӯҳи махсуси корӣ ва ҳамоҳангсозии вохӯриҳои дигар доир мегардад.

Гурӯҳи махсуси корӣ масъалаҳои мушаххасро омӯхта, вазифаҳои додашударо иҷро ва ба баррасии Кумитаи мансабдорони аршад ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Котиботи МҲТБО, мақомоти маъмурии Машварат дар Нур-Султон, Ҷумҳурии Қазоқистон воқеъ аст. Дар ҳайати котибот Директори иҷроия, ки аз ҷониби Раис интихоб гардидааст, ҷонишини Директори иҷроия ва кормандони касбии аз ҷониби давлатҳои аъзо фиристодашуда шомил мебошанд.

***

ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ, аз бахши мо — «Пурсед, ҷавоб медиҳем» истифода намоед. Ин бахш ба Шумо имкон медиҳад, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон аз роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷавобҳои мушаххас гиред. Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронии зерин ирсол намоед: vopros-otvet@khovar.tj

Пурсед, ҷавоб медиҳем!

Июнь 12, 2019 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Кадом ташкилотҳо дар Тоҷикистон расман террористию экстремистӣ эълон карда шудаанд?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ карданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Хонандагон донистан мехоҳанд, ки дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кӣ ба кадом вазифа таъйин шуд
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Даври нимниҳоии «Евровидение-2021»-ро бо иштироки Манижа дар куҷо ва кай метавон тамошо кард?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Минбаъд насаб, ном ва номи падар бо кадом тарз дигар карда мешавад, бақайдгирии давлатии он чи тавр сурат мегирад ва умуман ин кор чӣ аҳамият дорад?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол надодани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Маблағгузории сарикасӣ: ҳадафи ҷорӣ намудани механизми мазкур дар чист?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъмории шаҳри Душанбе кадомҳоянд?
Ҳайати Тоҷикистон дар форуми CICA дар Чин иштирок намуд
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Re-Export чист ва зери мафҳуми «реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ шудан ба донишгоҳҳо чӣ афзалият медиҳад?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар ҷаҳон чанд мамлакат мавҷуд аст?