ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол надодани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?
ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо сабаби зуҳури бемории сироятии Covid-19 (коронавирус) марзҳои байни кишварҳо баста шуда, иртиботи заминиву ҳавоӣ то муддате қатъ ва маҳдуд карда шудааст. Бинобар ин, интиқоли ҷасадҳои ҳамватанони бо марги табиӣ фавтидаи мо аз хориҷи мамлакат ба Ватан ғайриимкон гардидааст.
Бо дарназардошти ҳолати ногувори пешомада чанде аз хонандагони АМИТ «Ховар» вобаста ба ҷанбаҳои динии ин масъала бо суолҳо ба агентӣ муроҷиат намуданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам АДБУҚОДИРЗОДА ба ин саволҳо чунин посух дод:
— Интиқоли ҷасади фавтида аз як кишвар ба зодгоҳаш аз нигоҳи динию эътиқодӣ ҳатмӣ нест. Хосатан, дар ин рӯзҳо, ки чунин ҳолат берун аз ирода ва тавони ҷомеа мебошад. Бинобар ин, метавонанд намози ҷанозаи майитро дар макони фавтидааш баргузор карда, дар қабристони мусалмонони ҳамон ҷо дафн кунанд.
Мутобиқи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дафн кардани майит дар макони фавтидааш афзалтар аст. Чунонки дар китоби «Фатҳу-л-Қадир» роҷеъ ба ин масъала омадааст: «…Мустаҳаб ин аст, ки ҳар майите дар қабристони ҳамон шаҳре дафн шавад, ки дар он ҷо фавтидааст. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки ӯ ҳангоми зиёрати қабри бародараш Абдурраҳмон, ки дар Шом фавтида ва аз он ҷо (ба Мадина) интиқол дода шуда буд, чунин гуфт: «Агар кори дафни ту ба ман вогузор мебуд, ҷасади туро интиқол намедодам ва дар он ҷое, ки фавтида будӣ, дафнат мекардам».
Дар сурати заруру ҳатмӣ набудан, интиқоли майит кори пурмашаққат буда, сабаби таъхири дафни майит мегардад. Дар асоси суннати набавӣ ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ таъҷил намудан дар дафни майит афзалу беҳтар буда, савоб ин аст, ки майит зудтар дафн карда шавад.
Қобили зикр аст, ки хешовандону наздикони майит метавонанд аз ватани худ бо дуо ва тиловати Қуръон рӯҳи ӯро шод гардонанд. Зеро дуои хайр дар ҳаққи майит дар ҳар мавзеъ ва дар ҳар замоне пазируфта мешавад.
Маъхазҳо: «Фатҳу-л-Қадир», ҷ. 2, с. 141; «Радду-л-муҳтор», ҷ. 3, с. 103; «Бадоеъу-с-саноеъ», ҷ. 2, с. 51.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






