Кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав аз ғамхориҳои Сарвари давлат бархӯрдор гардиданд
ШАҲРИНАВ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди супоридани садақаи фитр ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону маъюбон намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав дастархони идона кушода, бо маблағи зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ ба онҳо либосҳои варзишӣ тақдим намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбиятгирандагонро бо фаро расидани Иди саиди Фитр табрик намуда, изҳор дошт, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз ҷумла, ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон чун ҳамешагӣ дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон қарор дорад.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғамхори ятимону бепарасторон мебошад ва дар ҳар вохӯриҳояшон сари ятимонро сила намуда, таъкид менамоянд, ки онҳо худро ятим ҳис накунанд, зеро падару модари онҳо давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар мактаб -интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав 215 нафар толибилмон таълиму тарбия мегиранд. Дар муассиса тамоми шароитҳо барои зиндагӣ ва таълиму тарбияи онҳо фароҳам оварда шудааст.
Таълимгирандагони мактаб-интернат дар назди меҳмонон барои ғамхории падаронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо онҳо бо тартибу интизоми намунавӣ ва бо донишу хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу Ватани худ содиқона хизмат менамоянд.
Воқеан дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо ҳамеша аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат бархӯрдор мегарданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






