«Китоб-уш-шифо» ва «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чоп расиданд

Июнь 3, 2019 13:09

ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои пурарзиши «Китоб-уш-шифо»-и Абӯалӣ ибни Сино («Ҷумлаи чаҳорум андар баёни илоҳиёт») ва «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардиданд. Ҳар ду китобро Муассисаи нашриявии «Дониш» бо дизайну ороиши ҷолиб ба нашр расондааст.

Тавре аз Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фанни сездаҳум андар илоҳиёти «Китоб-уш-шифо»-и оламшумули Шайхурраис Ибни Синоро беш аз 40 сол пештар донишманди тоҷик Сайиднуриддин Шаҳобуддинов аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонида, бо пешгуфтору тавзеҳот омодаи чоп намудааст. Муҳаррири масъули китоб академик Мӯсо Диноршоев буда, он аз 554 саҳифа иборат аст.

Мазмуну муҳтавои беназир ва феҳристи мукаммали ба он афзудаи мутарҷиму таҳиягар китобро барои хонандагон ҷолибу хонданбоб гардонидааст.

Ҷилди 7-уми «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони русӣ идомаи шаш ҷилди қаблии он аст, ки аз ҷониби олимони варзидаи соҳа таҳти роҳбарии академик Абдуғанӣ Мирзоев дар миёнаи солҳои 1960-1988 ба дасти чоп расида буд. Ҷилди мазкур аз тарафи донишмандони тоҷик, аз ҷумла А.Алимардонов, Г. Лузянина, М. Мамедова, Л. Шварк, Қ. Элчибеков, Л. Додихудоева, М. Шарифов, С.Ализода, Б. Навбаҳорова, И. Мирзоев бо ширкату сарварии узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Назриев барои чоп омода шуда, он аз 308 саҳифа иборат аст. Китоби мазкур мақому нуфузи байналмилалии феҳристнигории тоҷикро боло бурда, барои дастандаркорони соҳа дастури хуб аст.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ — 30-юмин солгарди истиклолияти давлатӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ҳамчунин мероси гаронбаҳои Аҳмади Дониш, Саййидои Насафӣ ва Шамсиддин Шоҳин ба нашр расидаанд.

Июнь 3, 2019 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд