Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт

Июль 11, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзеи Сари Майни деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологиро шуруъ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Барои пажӯҳиши дақиқ ва муайян намудани ҷасадҳои қадимае, ки дар ин мавзеъ кашф гардидаанд, таҳлили устухонҳо, тарзи зиндагӣ, урфу одат ва дигар вижагиҳои ҳаёти одамони ин давра олимону антропологҳо аз Русия ва Узбекистон ба ин экспедитсия пайвастанд.

Бояд гуфт, ки пас аз омӯзиши мутахассисон, ҷасадҳои мумиёшуда барои намоиши доимӣ ба Осорхонаи миллӣ интиқол дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки корҳои омӯзишии бостоншиносӣ дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 11, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд