Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯён мулоқот намуд

Июнь 12, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли равон  дар Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Новосибирск вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия  Шамсиддини Зардӣ бо аъзоёни маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии баргузории мулоқот  шиносоӣ бо  раванди таълими ҷавонон, баррасии мушкилоти онҳо ва  дастгирии донишҷӯёни  тоҷик дар хориҷи  мамлакат   мебошад.

Дар мулоқот Ш.Зардӣ  зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон зиёд аст. Ҳамин аст, ки  дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» таъсис дода шудааст. Ҳоло  намояндагони дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи  ҷумҳурӣ  пайваста ташаббусу иқдомҳои  ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ намудани кори маҳфил тамоми тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Имрӯз фаъолияти маҳфил хуб ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он муттаҳид ва дастгирии ҷавонон дар хориҷи  мамлакат  мебошад.

Ҳамчунин раиси Маркази фарҳанги милии тоҷикон дар шаҳри Новосибирск Минҳоҷиддин Каримов  доир ба дастгириҳои Пешвои миллат  ибрози андеша намуда,  аз ҷумла зикр, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дорад. Имрӯз тамоми шароит барои илмомӯзии ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Намунаи ин гуфтаҳост, ки ҳоло беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд.

Дар охири мулоқот роҳбари намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил дошта» дар шаҳри Новосибирск Умар Шеров миннатдории худро ба Ҳукумати Тоҷикистон  баён намуд.

Июнь 12, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид