ҒАЛАБА МУБОРАК! 4 голи беҷавоби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозии аввали дӯстонаи дастаҳои футболи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 21-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар ин бозии ҷолибу шавқовар футболбозони тоҷик дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистонро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст доданд.
Ёдовар мешавем,ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дуюми рафиқонаи хешро ба муқобили тими мунтахаби Ӯзбекистон рӯзи 23 -юми июни соли равон баргузор мекунанд. Бояд зикр кард, ки дидори мазкур дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 17:30 доир мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 4:0
Голҳо: Сунатулло Азизов, 31 (1:0). Абдулфатоҳи Худойдодзода, 39 (2:0). Фахриддин Аҳтамов, 67 (3:0). Кабир Салимшоев, 81 (4:0).
ТОҶИКИСТОН (U-16): Сафармад Гафоров (Суҳробхӯҷа Юсупов, 77), Раҳматшо Раҳматзода (Асадбек Содиков, 72), Хукмиддин Шомуродов, Меҳрубони Абдурауф (Фахриддин Аҳтамов, 56), Шаҳриёри Иноятулло (Муҷовид Шовайсиддинов, 58), Қурбоналӣ Муродов (Амирҷони Фаррухзод, 56), Алиҷони Айнӣ, Аббос Андалебов (Рӯзимухаммад Абдураҳмонов, 58), Кабир Салимшоев, Абдулфатоҳи Худойдодзода (Нурсултон Норбойзода, 72), Сунатулло Азизов (Меҳрубон Каримов, 58).
Ӯзбекистан (U-16): Самандар Ҷурабеков (Бекнур Пармонов, 46), Вазген Погосян, Бомур Муйдинов, Кирилл Тодоров (Пулат Ҷумахонов, 65), Тоҳир Тухтасунов (Асадбек Бегларханов, 62), Муҳриддин Позлидинов (Азизҷон Тошкенбаев, 46), Абдуқадир Ҳусанов (Шаҳзод Акрамов, 46), Ҷасур Убайдуллаев (Мақсуд Аллохоҷаев, 36), Рустам Турдимуродов, Алишер Хайруллаев (Нодир Абдуразоқов, 65), Аблоёр Раҳматов (Риан Исламов, 46).








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






