ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон рӯзона ҳаво то 35+40 дараҷа гарм мешавад

Июнь 26, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар вилояти Хатлон  рӯзона гармии ҳаво ба 35-40 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии он борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.    Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 26, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд