Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ муайян гардиданд

Июнь 17, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, ки  15-16 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 60 нафар варзишгар доир гардид, муайян шуданд. 

Дар натиҷаи мусобиқа аз намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр ҷойи 1-ум насиби Олим Ишанов гардид. Ҷойи 2-юмро  Алиҷон Хайруллоев ишғол намуда, ҷойи 3-юм насиби  Фахриддин Мадкамов варзишгарони шаҳри Душанбе гардид.

Аз намуди тарзи озод байни бонувон дар масофаи 50 метр ҷойи аввал насиби Анастасия Тюрина, ҷойи 2-юм насиби Карина Климик гардида, ҷойи 3-юмро Бардачёва Екатерина соҳиб шуд.

Ҳамчунин Фахриддин Мадкамов варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ»-и шаҳри Душанбе рекорди навро дар таърихи Тоҷикистон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо натиҷаи наздик ба 27 сония  гузошт.

Тавре аз Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни чемпионат варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм  дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда,  ба даври ниҳоии он  роҳхат пайдо намудаанд. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа  аз шаҳри Душанбе 3 даста, аз  шаҳри Хуҷанд 1 даста ва аз  минтақаи Кӯлоб 1 дастаӣ иштирок намуданд.

Дар охир ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо Диплом, медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Июнь 17, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд