Ҷоми КФО-2019: «Истиқлол» имкониятро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 26-уми июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии марказӣ ва тақдирсози Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, ин вохӯрии ҷолибро 14 ҳазор мухлисони ашадии футболи тоҷик ба Варзишгоҳи марказӣ омада тамошо карданд. Хотиррасон менамоем, ки дар ин дидор голи аввалро дар дақиқаи 49-ум Анадурдиев таслими дарвозаи «Истиқлол» намуд. Пас аз гузашти якчанд лаҳза сарвони дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард.
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуд. Ҳамин тавр, аз гурӯҳи «D» дастаи футболи «Алтин Асир» бо касби 10 имтиёз роҳи хешро ба даври навбатӣ рӯшан кард. Дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм, дастаҳои «Дордой» ва «Хуҷанд» бо 7 холӣ дар занҳои сеюму чорум ҷой гирифтаанд.
Ҷоми КФО-2019
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «D»
Бозии 6-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) — 1:1
Голҳо: Анадурдиев 49 (0:1), Фатҳулло Фатҳуллоев 57 (1:1).








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






