Ҷоми КФО-2019: пагоҳ байни дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бозии даври панҷум баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 июн байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 баргузор мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дастаи футболи «Дордой»-и Қирғизистон дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон рақобат мекунад. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи марказӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии даври чорумро баргузор намуда буданд.
Рақобати дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд.
Ҳамин тавр, дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёз маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт, дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Д» боқӣ монд.
Дар зинаи дуюм дастаи «Алтин Асир» бо доштани 6 хол ҷой гирифтааст. Дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Дордой» бо 4- холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.
Бояд илова намуд, ки ин вохӯрии ҷолибро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар мухлисони футболи тоҷик тамошо намуданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми бозӣ Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.
Дар қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум легионери сербиягии дастаи футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи «Дордой»-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев ба нишон расонид.
Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум дастаи футболи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Алтин Асир»-ро қабул менамояд. Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, дар меҳмонӣ бо тими «Дордой» бозӣ хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






