«ҶОМИ ПОЙТАХТ-2019». Он насиби волейболбозони дастаи ВМБК гардид

Июнь 25, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 25 июни соли равон бахшида ба 22-умин  солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ   дар  шаҳри Душанбе байни бонувон мусобиқаи кушод оид ба волейболи касбӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» баргузор гардид. Имрӯз мусобиқаи мазкур ҷамъбаст шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар медиҳад,  дар даври финалӣ ду даста —  волейболбозони   ВМБК ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ   бо ҳисоби 3:1 дастаи  Душанбе-1-ро  мағлуб намуда, сазовори «Ҷоми пойтахт-2019» ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардиданд. Ҷои дуюм насиби дастаи Душанбе-1 гардид, ки онҳо соҳиби медали  нуқра ва 15  ҳазор сомонӣ  шуданд. Ҷои сеюмро  дастаи дигари волейболбозони ВМБК  бо шикаст додани дастаи Душанбе-2 ба даст оварда, сазовори нишони биринҷӣ ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот гардид.

Ба ғолибони мусобиқаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ Ҷом, медал ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд.

Дар мусобиқаи мазкур масъулини  Муассисаи  давлатии раёсати кор бо мактабҳо  ва иншооти варзишии   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 11 дастаи волейболбозон, аз ҷумла 4  даста  аз шаҳри Душанбе,  2 дастаӣ  аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва  ВМБК, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва байни ҳам рақобат карданд.

Хотиррасон менамоем, ки ин  мусобиқа  бо  ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар пойтахт роҳандозӣ гардид.

Июнь 25, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд