Парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид менамояд

Июнь 11, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид менамояд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур  11 июн  зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.

Зикр гардид, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешгирии ҷилавгирии бемориҳои сироятӣ, таъмини амнияти беҳдошти санитарӣ-эпидемиологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрока ва маводи фармасевтиву доруворӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон ва дигар масалаҳои ҳаётан муҳим таҳия гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағӣирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро муҳокима намуданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода иброз дошт, ки ҳадафи лоиҳаи Қонуни мазкур мутобиқгардонии он ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд», — афзуд М. Султонов.

Июнь 11, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд