Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар мавзуи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш масъалаҳои аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, нақши сулҳу субот дар рушди устувори давлатҳо, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва зарурати ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки дар шароити мураккабу ноороми ҷаҳони муосир, ки низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои гуногуни амниятӣ зиндагии осоиштаи миллионҳо нафарро зери хатар қарор медиҳанд, ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли мусолиматомези ихтилофот аҳаммияти хосса доранд.
Изҳор шуд, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз анъанаҳои сулҳпарварӣ, ваҳдатгароӣ ва фарҳанги таҳаммулпазирии миллати тоҷик сарчашма гирифта, ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ ва густариши фарҳанги сулҳ мусоидат менамояд.
Изҳор гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои мардуми кишвар давраи мураккабу тақдирсоз ба шумор рафта, ҷанги шаҳрвандӣ зарурати барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани тамоми неруҳои ҷомеаро ба миён овард. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ ваҳдати миллӣ омили сарнавиштсоз дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини ягонагии сарзамин ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ гардид.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз намуда, барои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ ҳамчун намунаи ҳалли осоиштаи низоъҳои дохилӣ тавассути музокирот, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд






