Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар назар аст, ки рӯзи 15 июн Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокирот анҷом медиҳанд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






