ПОЙТАХТИ МАН-ИФТИХОРИ МАН! Фаъолони кӯҳистони Лахш Душанбеи навро тамошо карданд

Июнь 10, 2019 15:29

ДУШАНБЕ, 10.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ 8-9 июни соли равон сайёҳати як гурӯҳи сокинони фаъоли ноҳияи Лахшро ба ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳрҳои Душанбе ва  Ҳисор роҳандозӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, тибқи барномаи сайёҳат, 8 июн иштирокчиён аз боғҳои  «Ирам»,  ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, инчунин   боғи навбунёди  «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе  дидан намуданд.

Ҳамчунин онҳо  аз Осорхона ва  Китобхонаи миллӣ, боғҳои «Парчам», «Рӯдакӣ», муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ  дидан карда, шоми ҳамон рӯз  Боғи ба номи Аҳмади Дониш ва Боғи «Нишон» -ро тамошо карданд.

«Сайру гашт дар кӯчаву хиёбонҳои чароғони Душанбе   барои сокинони дурдасти ноҳияи Лахш гуворо буд. Онҳо аз рушди босуръати Душанбе, куллан дигаргун гаштани симои он, яъне ба Душанбеи нав табдил ёфтани шаҳр изҳори хушнудӣ намуда, доштани чунин пойтахтро барои миллати тоҷик  мояи ифтихор медонистанд», — омадааст дар хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ.

9 июн  иштирокдорони сайёҳат  ба тамошои  Қалъаи Ҳисор  рафта, аз ин мавзеи таърихӣ боздид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, баргузории чорабинии мазкур ба рушди сайёҳии дохилӣ,   арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ, арзишҳои миллӣ, ошноии сокинони дурдасти ҷумҳурӣ бо дастовардҳои замони истиқлолият, устувории Ваҳдати миллӣ, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ   мусоидат менамояд.

Зимнан иштирокчиёни сайёҳат иброз доштанд, ки мунтазам ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо баҳри рушди  сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина таҳкими дӯстӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи  мамлакат  ва муаррифии захираҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ минбаъд низ хатсайрҳои сайёҳати дохилиро афзоиш дода, ба рушди  он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Мавриди зикр аст, ки сайёҳии дохилӣ  барои шиносоӣ аз дастовардҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ, афзоиши рафтуомади аҳолии минтақаҳои гуногуни мамлакат, огаҳӣ аз сатҳи зиндагии якдигар ва табодули таҷриба дар соҳаҳои мухталиф мусоидат менамояд.

Июнь 10, 2019 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид