Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ маҷмуъи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ дар ҳошияи чорабинии сатҳи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони кишварҳо барои идомаи рушди муносибатҳои шарикию стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, инчунин дигар ҳамкорӣ соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, муҳокима гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти нангин дар маркази таваҷҷуҳи сарони давлатҳо карор гирифт.
Дар робита ба таҳкими равобити фарҳангию гуманитарӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, «Рӯзи Душанбе дар Тошканд» ва «Рӯзи Тошканд дар Душанбе» зарур шуморида шуд.









Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






