Профессор Саидумар Раҷабов: «Саммити Душанбе ҷиҳати ба минтақаи сулҳи пойдор ва шукуфо табдил додани қитъаи Осиё такони ҷиддии сиёсӣ хоҳад бахшид»
ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумар РАҶАБОВ доир ба таърихчаи пайдоиш, принсипҳо, сохтор ва марҳилаи рушди ин созмони бонуфузи минтақавӣ суҳбат намуд:
АМИТ «Ховар»: МҲТБО чӣ гуна ниҳод аст ва он ҳамкории мутақобиларо дар асоси кадом принсипҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиё бар уҳда гирифтааст?
Саидумар Раҷабов: Шароити зуд тағйирёбандаи байналмилалӣ, зуҳури хатарҳо ва таҳдидҳои нав аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷустуҷӯи шаклҳои муносиби ҳамкорӣ ва муқовиматҳои дастаҷамъонаро талаб мекунад. Ташаббуси собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Ассамблеяи Генералии СММ соли 1992 дар бораи таъсиси раванди МҲТБО мисоли чунин як ҷустуҷӯи муштарак мебошад.
МҲТБО як ниҳоди муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ, сулҳ ва дӯстӣ дар Қитъаи Осиё буда, он ҳамкории мутақобила ва тадбирҳои эътимодбахшро дар асоси принсипҳои универсалии ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ба уҳда гирифтааст.
АМИТ «Ховар»: Принсипҳои асосии МҲТБО аз чӣ иборат аст?
Саидумар Раҷабов: МҲТБО дар асоси консенсус ва розигии тарафайн таъсис ёфтааст. Ба шарофати талошҳои аъзои он, ки дар платформаи байниқоравӣ барои муколама ва дипломатия падид омадааст, ба нақшагирии амният ва инфрасохторҳо дар Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.
Дар рӯзҳои аввали МҲТБО намояндагони як қатор вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиё ҷамъ омада, се бор ҷаласа доир карданд. Ин ҷаласаҳо асос барои таъсиси гурӯҳи кории махсус буд, ки нақши он дар тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани вохӯриҳо калон аст.
Як қатор қоидаҳо ва принсипҳо барои муайян кардани МҲТБО, ҳадафҳои асосӣ, вазифаҳо ва мақомоти он, инчунин фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти он таҳия карда шуданд. Онҳо санадҳои Эъломияи принсипҳои муносибатҳои мутақобилаи давлатҳои аъзои МҲТБО, Санади Алмаато, Феҳристи (Каталоги) тадбирҳои боварӣ, Муоҳида дар бораи имтиёзҳо ва масъуниятҳои Котибот, кормандон ва намояндагони МҲТБО ва ғайраро дар бар мегиранд.
АМИТ «Ховар»: Устод дар бораи сохтор ва ниҳодҳои МҲТБО барои хонандагони сомонаи мо каме маълумот диҳед.
Саидумар Раҷабов: Сангҳои таҳдоби МҲТБО, ки тайи чанд соли охир гузошта шуданд, имкон доданд, ки ин форум сохтори ташкилии қавӣ дошта бошад ва калиди муваффақиятҳои он бошад. Ба мақомоти сиёсии он ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки ҳар чор сол як бор баргузор мешавад, вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ (вохӯрии вазирон), ки дар ҳар ду сол як бор доир мегардад ва Кумитаи мансабдорони аршади расмӣ, ки ҳар сол як бор мулоқот дорад, дохил мешаванд.
Ду мақомоти корӣ – яке барои Гурӯҳҳои кории махсус ва дигаре барои Машварати махсуси коршиносон низ вуҷуд дорад. Мақомоти иҷроия тавассути Котиботи байналмилалӣ аввал дар шаҳри Алмаато аз соли 2006, феълан дар шаҳри Нур-Султон (Ҷумҳурии Қазоқистон) амал мекунад. Дар ҳоли ҳозир директори иҷроияи ин форум Ҳабиб Мирзозода аз Тоҷикистон ва муовини директори иҷроия Анел Бакитбеккизи аз Қазоқистон ифои вазифа доранд. Ҳайати кормандони касбӣ аз давлатҳои аъзо дар ин идора кор мекунанд. Забонҳои корӣ англисӣ ва русӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Эъломияи танзимкунандаи муносибатҳои байни давлатҳои аъзо кай ба имзо расид ва он чӣ гуна имкониятҳои ҳуқуқиро фароҳам овард?
Саидумар Раҷабов: Омодагӣ ба ташкили МҲТБО бештар дар солҳои 1990-ум гузаронда шуд. Дар байни солҳои 1993 ва 1994 лоиҳаҳои заминавии ҳуҷҷатҳои МҲТБО, аз ҷумла Қоидаҳои расмиёт ва Эъломияи принсипҳои муносибатҳои мутақобилаи давлатҳои аъзои МҲТБО, сохтор ва институтҳои он таъсис дода шуданд.
Дар солҳои 1996-97 дар Алмаато ду ҷаласа муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои МҲТБО баргузор гардид. Дар моҳи октябри соли 1998 семинари байналмилалӣ оид ба масъалаҳои МҲТБО баргузор шуд, ки дар он 24 коршинос аз 12 кишвар ширкат варзиданд. Дар моҳи сентябри соли 1999 аввалин мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ гузаронда шуд, ки зимни он Эъломияи танзимкунандаи муносибатҳои байни давлатҳои аъзо ба имзо расид. Ин асосҳои ҳуқуқии низоми амният ва ҳамкорӣ дар Осиёро бори аввал фароҳам овард ва амалӣ намудани тадбирҳо ва механизмҳои таъмини субот дар минтақаро мушаххастар намуд.
АМИТ «Ховар»: Дар Саммитҳои доиргардидаи МҲТБО чӣ гуна тасмимҳо гирифта шуд ва чӣ гуна ҳуҷҷатҳои миқёсан васеъ дар таърихи Қораи Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд?
Саидумар Раҷабов: Дар Саммити аввали МҲТБО дар моҳи июни соли 2002 давлатҳои аъзо дар бораи зарурати сохтору ниҳодҳое, ки барои фаъолияти пурраи форум лозим буд, аз ҷумла таъсиси Котиботи МҲТБО тасмим гирифтанд. Саммит дар сатҳи олӣ бо ба имзо расидани Санади Алмаато ва қабули Эъломия оид ба барҳам додани терроризм ва мусоидат ба муколамаи байни тамаддунҳо хотима ёфт.
Мулоқоти дуюми вазирони корҳои хориҷии МҲТБО дар моҳи октябри соли 2004 бо қабули Каталоги тадбирҳои боварӣ, Қоидаҳои расмиёт ва Эъломияи дуюми вазирони корҳои хориҷии МҲТБО ба поён расид. Ин марҳилаи муҳим дар сиёсати осиёӣ буд. Бори аввал дар таърихи қораи Осиё чунин ҳуҷҷати миқёсан васеъ, ки дар он дар бораи ҳамкории бисёрҷониба миёни кишварҳо оид ба масъалаҳои субот ва амният сухан мерафт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар Саммити дуюми МҲТБО, ки моҳи июни соли 2006 доир гардид, ҳуҷҷати ҳамаҷонибаи сиёсӣ – Эъломияи Саммити дуюм қабул гардид, инчунин ҳуҷҷате, ки сохтори асосии мулоқотҳои анҷуманро ба тартиб медарорад – Созишнома дар бораи Котиботи МҲТБО ба имзо расид.
Саммити сеюм МҲТБО дар Истанбул 7-9 июни соли 2010 баргузор гардид, ки дар он раисӣ аз Қазоқистон ба Туркия гузашт. Дар он Эъломияи Саммит қабул гардид, ки дар ин санад мушкилоти минтақавӣ дар Шарқи Миёна, Афғонистон, Ироқ ва ҳамчунин масъалаҳои минтақавии сулҳ, амният, субот дар сарҳадот, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар он қатъномае қабул гардида буд, ки тарафҳоро ба гуфтушунид дар бораи таъсиси давлати Фаластин водор менамуд. Ғайр аз ин, Муоҳида дар бораи имтиёзҳо ва масъуниятҳои Котибот, кормандон ва намояндагони МҲТБО ба имзо расид.
АМИТ «Ховар»: Дар замони раисии Туркия кадом кишварҳо ба аъзогии МҲТБО қабул шуданд?
Саидумар Раҷабов: Дар замони раисии Туркия узвият дар МҲТБО идома ёфт. Ироқ ва Ветнам дар Саммити сеюм ба аъзогии МҲТБО қабул шуданд. Дар бораи узвияти Баҳрайн ва Камбоҷа дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии МҲТБО, ки дар ҳошияи Ассамблеяи Генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар моҳи сентябри соли 2011доир гардид, ба мувофиқа расиданд ва онҳо санадҳои узвиятро ба имзо расонданд.
Индонезия, ки дорои мақоми нозир буд, изҳор дошт, ки ба масъалаи узвияти хеш мепардозад. Дар вақти раисии Туркия на танҳо вохӯриҳои муқаррарии МҲТБО доир мегаштанд, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи муколама байни давлатҳои аъзои МҲТБО низ кумак расонида шуд.
Туркия барои амалӣ гаштани панҷ тадбири боварӣ, ки дар соҳаҳои иқтисодӣ, экологӣ, гуманитарӣ, таҳдидҳо ва чолишҳои нав, сиёсӣ-низомӣ дар пешрӯи давлатҳои аъзои МҲТБО қарор гирифтаанд, мусоидати худро давом дод. Масалан, дар бизнес-форуми дуюми МҲТБО, ки моҳи апрели соли 2012 баргузор гардид, намояндагони корхонаҳои хурд ва миёнаи давлатҳои аъзо иштирок намуданд ва қадамҳои аввалин ба ҳамкорӣ дар ин соҳа гузошта шуд.
Ғайр аз ин, моҳи марти соли 2012 дар Анқара машварати коршиносони МҲТБО оид ба мубориза бо терроризм баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои зиддитеррористии СММ, САҲА ва СҲШ ширкат карда, масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмилалиро муҳокима намуданд. Соли 2014 раисии МҲТБО аз Туркия ба Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт.
АМИТ «Ховар»: Дар давраи раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин кадом ниҳодҳо ташкил гардида, чӣ гуна ҳамоишҳо доир карда шуданд?
Саидумар Раҷабов: Дар давоми чор соли раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин то соли 2018 ниҳодҳои нав, ба монанди Шӯрои тиҷорати МҲТБО, Шӯрои давлатии ҷавонони МҲТБО ташкил гардида, форуми созмонҳои ғайриҳукуматии давлатҳои аъзои МҲТБО гузаронида шуд.
Дар тули солҳои мавҷудият МҲТБО аз лиҳози камият ва қайфият рушд намуда, ҳоло 27 давлати Қораи Осиёро, аз ҷумла Тоҷикистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Миср, Муғулистон, Озарбойҷон, Покистон, Таиланд, Туркия, Урдун, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Фаластин, Федератсияи Россия, Шри-Ланка ва Эрон аъзои МҲТБО мебошанд.
Ҳамчунин Бангладеш, Беларус, ИМА, Индонезия, Ливан, Малайзия, Украина, Филиппин ва Япония дар МҲТБО дорои мақоми нозир мебошанд. Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Лигаи давлатҳои араб, Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон мақоми созмонҳои нозирро дар МҲТБО доранд.
АМИТ «Ховар»: Раисии МҲТБО кай ва дар куҷо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт?
Саидумар Раҷабов: 24 сентябри соли 2018 дар ҳошияи 73-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои МҲТБО баргузор гардид, ки дар он раисии МҲТБО аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Mуҳриддин, вазирон ва намояндагони давлатҳои аъзоро истиқбол намуда, аз ҶМЧ барои раисии муваффақона дар чор соли охир изҳори миннатдорӣ намуд. Вазир таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи муколама ва ҳамкорӣ ба манфиати сулҳ ва рушд дар минтақа саъю кӯшиши худро бо ҳусни ният анҷом хоҳад дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раиси МҲТБО консепсия ва нақшаи амали худро тайи ду соли оянда ба хотири ҳамкорӣ ва амнияти устувор дар Осиё муаррифӣ намуд.
АМИТ «Ховар»: Саммити Душанбе барои муколама ва ҳалли мушкилот дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна саҳм мегузорад, дар маҷмӯъ Тоҷикистон аз Саммити панҷуми МҲТБО чиро интизор аст?
Саидумар Раҷабов: Саммити Душанбе идомаи кӯшишҳои давлатҳо-аъзои МҲТБО мебошад, ки аз рӯзи аввали вохӯрии соли 2002 татбиқ карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар ҳамоиш ҳайатҳои сатҳи баланд бо раҳбарии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо иштирок мекунанд ва эъломияро оид ба ҳамаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО қабул хоҳанд кард. Саммити Душанбе ба масобаи майдони муфид ва самарабахш барои муколама ва ҳалли мушкилот дар қитъаи Осиё, инчунин мусоидат ба ғояҳои нав ва ҷустуҷӯи механизмҳои самарабахш саҳми пурарзиш хоҳад гузошт.
Бо дарназардошти сатҳи баланди иштироки кишварҳои аъзо, инчунин фазои дӯстона ва эътимод дар байни онҳо, Тоҷикистон аз Саммит натиҷаҳои хубро интизор аст ва онҳо дар оянда ҳамчун дастур барои иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳо дар чорчӯбаи МҲТБО дар рафти раисии Тоҷикистон хизмат хоҳанд кард.
Мо итминон дорем, ки Саммити дарпешистода барои ноил шудан ба мақсадҳои нав ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи давлатҳои аъзо, бо мақсади пешбурди минбаъдаи раванди МҲТБО ва идома додани татбиқи тадбирҳо оид ба таҳкими боварӣ ва рушд, дар асоси ҳамкории ҳамаҷониба ва муколамаи амиқ табдил додани қитъаи Осиё ба минтақаи сулҳи пойдор ва шукуфо такони ҷиддии сиёсӣ хоҳад бахшид.