ПУШИНГ: ОСОРИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ БОСТОНӢ. Дар ин деҳа аз дохили гаҳворасангҳо тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудаанд

Июнь 20, 2019 16:32

ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз зери хоки деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  аҳолии он тӯли солиёни дароз сафолпораҳо, хумҳои шаробпазӣ, зарфҳо ва тангаҳои гуногуни мисин, қубурҳои сафолин ёфт намудаанд, ки бостоншиносон онҳоро омӯхта, қадимӣ будани ин деҳаи зебоманзарро тасдиқ намудаанд.

Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар мулоқот бо сокинони деҳаи  Пушинги ноҳияи Данғара 23 майи соли равон зикр намуданд, ки «деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонии Тоҷикистон мебошад. Дар асари «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимаи кишварамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо зикр шудааст. Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, баъди таҳқиқоти илмӣ аз дохили гаҳворасангҳои деҳа ба миқдори зиёд тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудааст. Ин ва бисёр далелҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд,ки Пушинг аз қабили деҳаҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар замонҳои куҳани таърихӣ, ҳамчунин, бо номи Ҳушанг низ ёдовар шудааст».

Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд, дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҳудуди деҳа осори се қабати таърихии рӯзгори сокинони он ошкор шудаанд, вале онҳо то ба ҳол мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд.

Дар ҳудуди деҳаи Пушинг се қалъа вуҷуд доштааст, ки бар асари ҳуҷумҳои аҷнабиён хароб гардидааст.

Воқеан ҳам, гаҳворасанг ва сутунҳои сангии бо маҳорати баланд тарошидашудаи деҳаи Пушинг, ки дар танашон нигоштаҳо ва навиштаҳо боқӣ мондаанд, ҳайрати касро меоранд, ки чӣ тавр одамон  дар он замонҳои қадим ин корро анҷом додаанд? Зеро  ҳатто  бо асбобҳои имрӯза тарошидани   ин сангҳо  кори басо сангину заҳматталаб  аст.

Ин сутунҳо таърихи шаҳрсозии давлатдории Юнону Бохтари асрҳои 6-7 -и пеш аз мелодро ба хотир меоранд. Чӣ тавре ки дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гардидааст, «ҳаёт дар ғори Оғзи-кичики ин мавзеъ, аз давраи одамони ибтидоӣ неандерталҳо, одамони аҳди мустйё, полиолити миёна 30- 40 ҳазор сол пеш сар шудааст».

«Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзи-кичики райони Данғара барои тадқиқи маданияти мустйе   маълумоти  фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олотҳои гуногуни сангӣ,  аз ҷумла, белчаю кордҳои гуногун ба даст омад, ки хело хуб сохта шудаанд»,- омадааст дар китоби    «Тоҷикон»-и  Б. Ғафуров.  («Ирфон», соли1998, саҳ. 16 )

Ҳоло дар Пушинг  зиёда аз 3000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки  онҳо аз  нимаи дуюми асри  19 сар карда, аз ҳар тараф  кӯчида, ба ин деҳа омадаанд.

Аз рӯи нақлу ривоятҳои мўйсафедон  Пӯшинг дар тули қарнҳо бо сабабҳои мухталиф чандин борҳо ободу  харобазор шудааст.

Дар китоби «Таърихи Рашидӣ» оварда шудааст, ки «солҳои 1504 Шайбониҳо вақте Мовороунаҳр ва баъзе минтақаҳои Хуросонро гирифтанд, шоҳзодаҳои Темуриҳо аз дасти ӯзбекҳо дар гурез афтоданд.

Яке аз онҳо Мирзоҳайдари муғул мебошад, ки солҳои 1506 нӯҳсола буд, ҳамроҳи устодаш мавлоно Муҳаммад ба тарафи Дашти Кулак (Данғара) рафта,  дар деҳаи Пушинг, ки яке аз қуроиёти  муътабараи Хатлон аст, дар хонаи арбоби вай, ки бо номи  ҳоҷи Ҳабибулло  машҳур буд, чанд руз таваққуф намуд» («Таърихи Хатлон аз қадим то имрӯз», саҳ. 355).

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (25.10. 2002) оварда шудааст, ки  «Пушинг то давраи барқарор шудани ҳукумати Шӯравӣ деҳаи калонтарину ободтарини ноҳияи Данғара ба ҳисоб мерафт.

Дар он айём дар Пушинг 11 осиёб, 5 ҷувоз, 8 дӯкони чармгарию пойафзолдузӣ,  оҳангарию кандакорӣ, 3 мадраса, 6 масҷид вуҷуд доштааст. («Таърихи Хатлон аз қадим то имрӯз», саҳ. 369)

Дар бораи пайдоиши номи ин деҳа дар байни мардум фикру андешаҳои гуногун мавҷуд аст. Яке  ривоят мекунад, ки шабе  дар ин деҳа барфи бошиддат  боридааст. Мӯйсафеде ҳафт писар доштааст. Ў ҳамроҳи писаронаш  он шаб хоб накарда, то саҳар барфро аз болои бомашон рўфтаанд. Барфи баланд қишлоқро тамоман пўшондаст. Дигар одамони деҳа зери барф монда, нобуд шудаанд. Барои ҳамин ин деҳа Пушинг ном гирифтааст.

Дигаре  мегӯяд, ки замонҳои пешин дар ин ҷо буттаи растании пуш бисёр будааст,  аз ин  сабаб номи ин қишлоқ Пушинг шудааст.

Пиронсолон нақл мекарданд, ки  атрофи деҳа бо девори похсагӣ маҳкам будааст  ва то наздикиҳо дар деҳа осори он девор мушоҳида мешудааст. Аз ҳамин рў, номи деҳа Пушинг аст. Ин фикрҳо дар китоби бародарони фолклоршинос Файзалӣ Муродов ва Юсуфалӣ Муродов «Мулло Алӣ»  возеҳу равшан ифода шудаанд.

Аз рўи гуфти олими бостоншинос В.Н. Бушков, ки соли 1972 дар ин деҳа тадқиқоти бостоншиносӣ бурдааст,  дар мақолаи «Мушкилии топонимии илми Авесто» омадааст, ки  қабилаи ҳинду эронӣ бо номи «Пишин» чанде инҷо зиндагӣ карда, баъдан гузашта ба Кобул рафтаанд. Шояд номи деҳаи Пушинг аз ин ҷо пайдо шуда бошад.  Ин фикр ба ҳақиқат наздиктар  аст.

Боз фарзияе  ҳаст, ки калимаи Пушинг аз калимаи «пашанг» гирифта шудааст. Пашанг номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад.

Боре шоири авестошинос Салимшо Ҳалимшоев аз ман пурсид:

— Шумо аз кадом қишлоқ ҳастед?

Гуфтам: -Аз  деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара.

Он кас пурсид: -Он ҷо санге ба гӯсфанд монанд ҳаст?

Гуфтам:-Бале, чунин санг дар деҳаи мо вуҷуд дорад.

Баъдан С.Ҳалимшоев гуфт, ки чунин санг дар қишлоқи Пушиёни ноҳияи  Восеъ ва ду деҳаи шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки номи ин деҳаҳо аз ҳамин нишонаҳо  гирифта шудааст. Маънои калимаи Пашанг  ба забони авестоӣ гӯсфанд аст.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»    калимаи Пашанг чунин маънидод шудааст: 1.Мехи оҳании  дароз ва сартез, ки ба воситаи он деворро суроғ мекунанд. 2. Замбар, Фашанг, 3. Оби полидашуда, 4. Номи бародарзодаи шоҳ Фаридун, падари Манучеҳр, падари Афросиёб аст.

Дар китоби Кристон Бартерен «Фарҳанги  эронии бостон» рasush.hasta, пасуш ҳаста –хели гӯсфанд (Guspand) маънидод шудааст.

Ба гуфти Юсуфшоҳ Яқубшоҳ, калимаи пушинг аз ду бахш: пуш ва инг иборат мебошад. Бахши аввал “пуш” ба маънои пушт, пушта омада, бахши дувум ба маънои баланд, теппа мебошад, яъне деҳаи дар пушти баландӣ бударо ифода мекунад.

Дар даромадгоҳи роҳи қадимаи деҳаи Пушинг  ҳайкали гўсфанде ҳаст, ки аз гардан болояш бо мурури вақт шикаста нобуд шудааст.То ҳанӯз дар бораи ин гӯсфанд маълумоти илмие  вуҷуд надорад. Одамони қишлоқ ўро Қушқорсанг мегӯянд. Ба назар чунон менамояд, ки касе думбаи гӯсфандро  ба корд ҷудо кардааст. Дар китоби муқаддаси аз ҳама қадимаи асри 14 –и то мелод «Авесто» гўсфанд «пасуш»  номбар шудааст. Шояд номи деҳаи Пўшинг аз ҳамин ҳайкали нимтароши гўсфанд бошад.  Ва  «пасуш» бо мурури замон  «пушинг»  шудааст….

Мувофиқи китоби «Авесто» аз рўи тасаввуроти мардуми онвақта зардуштиён ҳама чизҳои рўи ҷаҳон, аз ҷумла худоён, ҳаводиси табиат ва ҷамъият, ҳайвонот бо мабдаъҳои неку бад, рост ва дурӯғ тақсим шуда буданд. «Пасуш» яъне гӯсфанд, аз қадим ҳайвони муқаддас номбар шудааст. Аз қиссаи пайғамбар ҳазрати Иброҳим дар китоби «Касас – ул-анбиё» бармеоояд, ки гӯсфанд дар дини ислом ҳам ҳайвони биҳиштист. Мардум дар ҳар иди Қурбон гўсфанд қурбонӣ  мекунад.

То давраҳои наздик одамони қишлоқи Пушинг ин ёдгории қадимаро бо эътиқоди баланд мепарастиданд.  Кӯдаконро ба ӯ наздик шудан намемонданд. Кампирон мегуфтанд, ки қушқорсанг бузургвор аст, ба ӯ нарас, ки дар хобат медарояд ва зарари сахт мерасонад. Мегуфтанд, ки касалманд мешавӣ. Мо аз тарс ба ӯ наздик намешудем.

Агар чорпоён касал мешуданд,  мардуми деҳа онҳоро  дар атрофи Қушқорсанг мегардонданд. Дар бораи ӯ қиссаҳои аҷиб мегуфтанд. Мегуфтанд, ки думбаашро бединҳо аз тан ҷудо кардаанд. Ҳар касе аз пеши ӯ мегузашт, сангчаеро дар ҷои  буридашудаи думбааш мепартофт. Дар миёни ӯ аз қаҳри асрҳо то ҳанӯз аз рўи анъана, одат ва эътиқоди мардум сангчаҳо партофта шудааст, ки дар онҳо дасти ҳазорон- ҳазор одамони қадим, бобою бобокалонҳои мо расидааст ва Қушқорсанг дар ҳақиқат ҳам муқаддас шудааст.

Яке аз бошандагони деҳа Холназар Холматов, ки дар наздикии ин  ҳайкали гӯсфанд хона дорад, дар назди  ҳайкал дарахти тут шинонида, атрофашро бо симтӯр маҳкам кардааст.

То солҳои шаст ва ҳафтодум дар қишлоқ 16  гаҳворасанг вуҷуд дошт. Соли 1972 бостоншиносони шӯравӣ В. И. Бушков ва  А. Валиев бо сардории С.А. Поляков бисёре аз ин қабрҳоро канда, гаҳворасангҳоро аз болояшон беҷо карда,  ба як ҳоли худ партофта рафтанд. Ба гуфти одамон як чандтои онро  ҳамроҳи худ гирифта  бурданд. Ба куҷо бурданд ва  дар кадом осорхона гузоштанд, то ҳанӯз  маълум не5ст. Дар болои қисми дигари  гавҳорасангҳо  одамон хона сохта,  онҳоро аз назарҳо ғоиб кардаанд. Баъзеашонро зада шикастанд. То омадани ин  бостоншиносон аз рўи эътиқоди динӣ  мардуми деҳа ин гаҳворасангҳоро чун гаҳвари чашм азиз нигоҳ медоштанд. Кӯдаконе, ки бемор мешуданд, дар атрофии онҳо гардонида, шифо металабиданд. Вақте ки аз ҷо беҷо шуданд, эътиқоди мардум аз онҳо гашт. С.Т. Поляков ин қабрҳоро ба давраи Хуталиён нисбат медиҳад.

«Чунин монандиҳо дар қабрҳои асри миёнагии ноҳияҳои ҷанубӣ  ва ғарбии Туркманистон ба назар мерасанд. Қабрҳои ин минтақаҳо ба асрҳои 12 ва 14- рост меоянд» (С.Т. Поляков «Ҳисобот дар бораи бозёфтҳои  қабрҳои асримиёнагии қишлоқи Пушинг»,«Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» Душанбе, «Ирфон», соли 1976, саҳ.211)

Як кунгураи сутун дар зери қушшачанори саҳни мактаб ва як кунгураи дигар ҳамроҳи сутунаш дар зери боми масҷиди бобои Домулло Сироҷиддин ва сутуни дигаре дар болои мазори Домулло Файзулло вуҷуд доштанд.

Як санги калоне дар лаби дараи Шамолдара, ки  дар болояш 15-16 охурчаҳои хурду калони уғуракчамонанд дошт, дар бараш ба ҳарфҳои ба ҳарфҳои мехӣ монанд менамуд, ба қарибӣ  аз тарафи сангфурўшон шикаста, ба хонасозон фурӯхта шудааст.

Набояд ин ёдгориҳои аз ҳама қадимаи деҳа, ки дар тули ҳазорсолаҳо аз байни  обу оташ, ҷангу ҷидол, хунрезию кашмокашиҳо, фалокатҳои табиию ҷамъиятӣ ва гардишҳои таърихӣ аз дасти дину мазҳабҳо, қавму миллатҳои гуногун беозор гузашта, дар ин давра  аз беаҳмиятии мо аз байн бираванд.

Дар китоби М. Асрорӣ  «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» (Душанбе, соли 2011) оварда шудааст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шўравӣ  зиёда аз 100 адад чунин  ёдгорҳо несту нобуд шудаанд.

Ҳоло таърихи қишлоқи Пушинг ба пуррагӣ  омўхта нашудааст.Он ба тадқиқотҳои нав  ниёз дорад. Бинобар ин ҳар як ёдгорие, ки дар ин ҷост, ба он муносибати ҷиддӣ бояд кард.

Боиси хушҳолист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ  баъзе ташаббускорон  пайдо шуданд, ки пайи ободонии ин деҳа, симтӯр кашидани атрофии қабристонҳо, тоза кардани ҳавзу ҷўйборҳо, гузаронидани иду маъракаҳо, мумфарш  кардани роҳҳо, овардани оби ширин, сохтмони мактаби нав, варзишгоҳ, дӯкони дўзандагӣ ва дигар  марказҳои фарҳангӣ, инчунин  ёрӣ  ба ниёзмандон  корҳои зиёдро  ба сомон расониданд. Агар онҳо дар қатори ин ҳама корҳои савоб,  ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихии деҳа  тадбир  меандешиданд, номашон чун ин ёдгориҳо дар хотироти мардум  боқӣ  мемонд.

Соли 2005 аз тарафи ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои сарзамини мо лоиҳае ба имзо расида буд. Аз рўи ин лоиҳа бисёр ёдгориҳо таъмир ва ҳифз гардиданд.  Хуб мешуд, ки ҳангоми амалӣ гардидани ин  лоиҳаҳо  ҳифзу эҳёи ёдгориҳои деҳаи  Пушинги ноҳияи Данғара  ҳам ба инобат гирифта мешуданд.

 

Тағойназар БАҚОЕВ,
Илҳом НОЗИМОВ,

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Тоҳир САИДЗОДА (АМИТ «Ховар»)

Июнь 20, 2019 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид