Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот дар Тошканд иштирок менамояд

Июнь 18, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 29 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15-умин Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни мактаббачаҳо доир мегардад, ки дар он яке аз  шоҳмотбозони шинохтаи тоҷик Сабрина Абророва  ширкат меварзад.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаҳои мазкур  дар 6 категория – то 7, 9, 11, 13, 15 ва то 17-сола миёни духтарон ва писарон аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс сурат мегирад.

Дар чемпионати мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла шоҳмотбози шинохта  Сабрина Абророва, ки чанде пеш дар Бозиҳои ҷаҳонии наврасон дар Ханти Мансийски Федератсияи  Россия ғолиб гардида буд, миёни то 13-солаҳо, инчунин Назар Ғафуров (то 7-солаҳо), Пайрав Қодирӣ (то 9-солаҳо), Ҷалолиддин Илҳомӣ (то 13-солаҳо), Рухшона Саидова, Меҳриддин Шарифов (то 15-солаҳо), Марям Илҳомзода ва Меҳрбахш Қандаков (то 17-солаҳо) иштирок мекунанд.

Июнь 18, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд