Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ карданд

Июнь 26, 2019 12:54

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои наву муосири Агентӣ ва филиали маркази таълими калонсолон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он — ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон, ҳуҷраи кории роҳбарияти Филиали Муассисаи Давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.

Бинои мазкур дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар бунёд шуда, барои соҳиби касбу ихтисос кардани сокинон ва бо шуғл фаро гирифтани мардуми ноҳияҳои дурдасти мамлакат мусоидати фаъол мекунад.

Маркази таълим барои калонсол дар доираи супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар бинои нав барои омӯзондани касбҳои ороишии мӯй, омӯхтани нозукиҳои кор бо компютер барои маъюбон, синфхонаи замбурисалпарварӣ ва омӯзиши ҳунари кафшергарӣ шароит муҳайё карда шудааст.

Бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамчунин дорои бойгонӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва маҷлисгоҳ мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони агентиро барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ кардани кор, беҳдошти сифати таълим ва касбомӯзӣ ҳидоят намуданд.

Бунёди иншооти нав дар маркази ноҳия туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми ноҳияҳои дурдаст дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буда, дар арафаи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ифтитоҳи бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 26.06.2019Ифтитоҳи бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи

Июнь 26, 2019 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд