Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд

Июнь 24, 2019 09:38

ДУШАНБЕ, 24.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои «Давлатҷон», ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилоъ, корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз шуда, дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардида буданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум барои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар таҳхонаи маркази тиҷоратӣ молу маҳсулоти гуногун нигоҳ дошта мешавад. Масоҳати умумии иншоот 4 садяк заминро дар бар гирифта, худи бино дар масоҳати 260 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Ин сеюмин маркази савдои замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.

Иншооти тозабунёд дар баробари хизмат расонидан ба аҳолӣ, ҳамзамон ба ҳусни ноҳияи Сангвор зебогӣ зам намуд. Акнун бо ба истифода додани ин марказ чанд нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиҷоратӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Ин тифлакон худро хушбахту сарбаланд эҳсос мекарданд, зеро дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 22-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Пешвои ғамхору меҳрубон ва пуштибони худ туҳфаи пулӣ ва сару либоси зебо гирифтанд.

Нахуст Сарвари давлат кӯдакони ятим ва фарзандони аз оилаҳои ниёзмандро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар ҳимояи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти кӯдакон дастурхони идона ороста шуд. Тибқи маълумот, айни замон дар ноҳияи Сангвор 7 нафар ятими кулл, 235 нимятим, 284 маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз шумораи умумии маъюбон 44 нафарашон синни то 18 соларо ташкил медиҳанд. Ҳамаи онҳо зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Хушбахтона дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи ҳама иду айём ҳамчун амали неки инсондӯстона ба ҳукми анъана даромадааст ва шахсони саховатпеша ин амалро пайваста анҷом медиҳанд.
Ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор 24.06.2019

Июнь 24, 2019 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад