Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии замини барои сохтмони иншоот ҷудогардида 60 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони 5 садяк сохта шудааст.
Бинои маъмурии Шабакаҳои барқро бо фармоиши Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд ва бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз намудаанд. Дар ошёнаи якуми бино утоқи техникии омӯзишӣ, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои кории назоратчиён ҷойгир буда, қабати дуюми бино аз утоқҳои кории маъмурият, машваратгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст. Ҳамчунин барои мизоҷон дар саҳни бино 2 айвончаи муосир насб гардидаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релефи минтақа тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ба истифода додани бинои нав, кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия бо чунин имконият ва шароити муосири корӣ дастрасӣ надоштанд. Ба истифода супурдани бинои навро дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ кормандону масъулини шабакаҳои барқи ноҳия туҳфаи арзандаи Пешвои миллат хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқи хушсифат ҷоннок мекунанд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






