«ШАРАФ ЧИЗИ ТАҶОВУЗНОПАЗИР АСТ…». Мулоҳизаҳои Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати солгарди суханронии таърихии Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи имсол аз суханронии таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар як сол сипарӣ шуд. Пешвои миллат зимни ин суханронӣ аз тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир, муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ, шиддат гирифтани ҷанги сард миёни онҳо ёдовар шуда, зикр намуданд, ки чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноучстувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад. Сарвари давлат аз он ки имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд, изҳори нигаронӣ намуданд ва чунин таъкид доштанд: «Магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст? Албатта чунин нест ва чунин набояд бошад! Зеро на табиат, ки инсон ҷуъи ҷудонашавандаи он аст ва Офаридгор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҳолат нестанд. Ба ақидаи Сарвари давлат, «пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад».
Мулоҳизаҳои Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух АСРОРӢ, ки дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд.
Суханони Пешвои миллат, ки 12 майи соли гузашта дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар Душанбе изҳор намуда буданд, на танҳо имрӯз, дар арафаи рӯзи ваҳдати миллӣ, балки барои ҳамеша рӯзмарра ва дорои аҳамияти бузург хоҳанд буд.
Мо бояд имрӯз ва ҳамеша пеши худ савол гузорем, ки мо кистем? Рисолатамон чист? Аз дигар мавҷудоти олам чӣ тафовут дорем? Инсони асил кист? Вай бо кадом сифатҳояш аз дигарон фарқ мекунад, ки имкон медиҳад дар иҷрои рисолати инсониаш муваффақтар бошад? Башарият сари ин масъалаҳо аз давраи зуҳури худ ба олам фикр мекунад.
Саволҳои мазкур имрӯз беҳтарин ақлҳоро ба андеша вомедоранд. Ҳамин саволҳо буданд, ки ба миён омадани улуми мухталифро сабаб гардиданд, ҳикматро (фалсафаро) ба вуҷуд оварданд. Нигоҳҳои динию фалсафӣ ба масъала бо ҳам тафовут пайдо карданд. Дар натиҷа атрофи онҳо ҳам дар илоҳиёт ва ҳам дар фалсафа дидгоҳҳо, низомҳои хоси мафкуравӣ шакл гирифтаанд. Онҳо ҳамеша миёни ҳам дар набард буданд. Имрӯз низ созиш надоранд.
Яке аз масъалаҳои мавриди баҳсу андеша мавзӯи каромати инсонӣ, шаъну шарафи инсон аст. Он чист? Шаъну шараф моҳияти моро ҳамчун одам муайян мекунад, инсонро ташхис медиҳад. Донишмандони илоҳиёт сарманшаи пайдоиши шаъну шарафро зотӣ медонанд, ба Офаридгор нисбат медиҳанд, чун одам рӯҳ ва ба ҳамроҳи он шаъну эътибори инсониашро аз Худо гирифтааст. Таври маълум, рӯҳ танҳо хос ба Офаридгор аст ва он Зоти пок фақат инсонро аз байни соири махлуқоти офаридаи хеш бо тақдими ин рӯҳ шарафёб сохтааст. Аз ҳамин лиҳоз, уламои ислом ҷойгоҳи шаъну шарафро хеле олӣ ва дар арши барин мебинанд, ки ин аз майлу иродаи фард ҷиҳати доштан ё надоштани шаъну шарафи мазкур ҳеҷ вобастагие надорад, вай ин мартабаро зотан дар ниҳоди хеш аллакай соҳиб аст. Фалсафа низ мавқеи каромат, шаъну шарафро дар ҷомеаи башарӣ пасттар намедонад.
Шаъну шараф аст, ки одамияти фардро муайян мекунад, инсонҳоро ба сӯйи хоҳиш ва амалу рафторҳои нек ҳидоят сохта, ҷомеаи башариро пеш мебарад. Аммо он, ба ақидаи донишмандони фалсафа, зотӣ нест, воридотӣ аст. Инсон ба он дар ҷараёни зиндагиаш, ба туфайли саъю талоше, ки дар ин роҳ ба харҷ додааст, соҳиб мегардад. Дар натиҷа шаъну шараф мояи пешрафти ҷомеаи башарӣ, такомули пайвастаи сифатии он ба шумор меравад. Вай имкон фароҳам меоварад, ки ваҳдату сарҷамъӣ дар ҷомеа густариш ёбанд, одамон ба камолоти маънавӣ талош варзанд, адлу инсоф, волоияти қонун дар ҷомеа ҳоким гардад, пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ гирифта шавад, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ афзун ва сатҳи зиндагӣ боло гарданд. Шаъну шараф миёни одамон тимсолҳое ба вуҷуд меоваранд, ки ҳазорон нафар ба онҳо пайравӣ карда, намунаи ибрати хеш қарорашон медиҳанд.
Шаъну шараф яке аз муҳимтарин мафҳумҳои ахлоқ буда, тавасути маҷмуи хислатҳои неки инсон ифода меёбад. Ба ин маҷмӯъ масалан чунин хислатҳо, ба монанди хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, адлу инсоф, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, хоксорӣ, ростқавлӣ, далерӣ, фидокорӣ, босуботӣ, меҳнатдӯстӣ шомил мешаванд. Маҷмуи хислатҳои бад, амсоли золимӣ, тарсончакӣ, бераҳмӣ, дурӯягӣ, хасисӣ, танбалӣ, дуруғгӯӣ касро ба бешарафию беэътиборӣ мебаранд. Дар ахлоқшиносӣ номгӯи аниқи маҷмуи хислатҳои мусбат ва манфии инсон шакл гирифтааст.
Давоми таърихи тӯлонии рушди фалсафаю ахлоқшиносӣ ба ташаккули консепсияи шаъну шарафи инсон дар Шарқу Ғарб бисёр донишмандон саҳм гузоштаанд ва дар ин росто ҳиссаи мутафаккирони барҷастаи тоҷику форс Абуалӣ ибни Сино, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Абӯнасри Форобӣ, Ҳаким Носири Хисрав ва иддае дигар басо бузург аст.
Намояндагони адабиётамон кӯшидаанд тавассути асарҳои ҷовидонии хеш ҷойгоҳи шаъну шараф, нангу номусро дар ҳаёти инсон баланд бардоранд, одамонро ба риоят ва ҳифзи ин арзиши бебаҳои ахлоқӣ ташвиқ созанд, бо рӯ овардан ба ин ё он ҷанбаи ахлоқии инсон барои пирӯзии одамият бар ноодамӣ, бошарафӣ бар бешарафӣ, ҳақиқат бар ботил, шаъну шарафи асл бар шаъну шарафи сохта дар ҷомеа талош варзанд. Дар осори адибони форсу тоҷик ин ё он паҳлуи хислату рафтори инсон мавриди ситоиш ва ё мазаммат қарор гирифтааст. Умуман, адабиёти класикии мо ба ҷаҳон бузургтарин пандномаҳоро тақдим кардааст ва мавзӯи ахлоқ яке аз муҳимтарин паҳлуҳои адабиёти гузаштаи форсу тоҷикро ташкил медиҳад. Мо кадом адиберо аз пешиниёнамон нагирем, аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шурӯъ карда, то ба Абулқосим Фирдавсию Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Адиб Собири Тирмизию Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафию даҳҳо афроди дигар, ҳар яке хонандаашро ба пайравӣ аз арзишҳои олии ахлоқӣ, нигоҳ доштани одамият ва шаъну эътибори инсон даъвату покию накукориро ташвиқ намудааст.
Барои намуна аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ меорем:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Аз Абулқосим Фирдавсӣ:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем,
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Ҳар он, к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш одамӣ.
Раво нест баргаштан аз корзор,
Агар ҷон супорем дар кор зор.
Аз Абдураҳмони Ҷомӣ:
Ҳар он кас, ки дар дӯстӣ рост нест,
Бад-у душманӣ ҷуз каму кост нест.
Зоҳиру ботини худ яксон кун!
Якдилу якҷиҳату якрӯ бош!
В-аз дурӯёни ҷаҳон яксӯ бош!
Аз каҷӣ хезад ҳар ҷо халалест,
«Ростӣ-растӣ!» ҳар ҷо масалест.
Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин!
Рост гӯ, рост шунав, рост нишин!
Аз Саъдии Шерозӣ:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият,
Агар одамӣ ба чашм асту забону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият?
Одамият чист? Худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Ё аз устод Мирзо Турсунзода:
Шараф чизи таҷовузнопазирн аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад. Кабир аст.
Дар асоси ҷамъи андешаҳои боло хулоса баровардан мумкин аст, ки масъалаи риояти шаъну шараф, каромати инсонӣ чи барои фард ва чи барои ҷомеа басо муҳим аст, он имкон медиҳад, ки инсонҳои аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ пок ташаккул ёбанд. Он барои фароҳам омадани ҷомеаҳои ободу осоишта, тифоқ ва дорои арзишҳои баланди ахлоқӣ мусоидат мекунад. Пас, дар сиёсат, давлату давлатдорӣ ҳам бояд ҳамин тавр бошад, масъалаҳои шаъну шарафи инсон, пайравӣ ба арзишҳои баланди ахлоқӣ бояд дар ин ҷанбаи фаъолияти инсон низ муқаддам шуморида шаванд. Охир, давлат як бахши ҷомеа аст.
Вале дар ин маврид ақидаву дидгоҳҳои баръакс баён шудаанд, ки хеле ҷолиб ва дар айни ҳол шигифтангезанд.
Ин суханон ниҳоят маъруфанд, онҳо аз ҷониби касоне гуфта шудаанд, ки дар сиёсат одамони қаторӣ нестанд. Ба ҳарфҳои эшон таваҷҷуҳ кунед: «Дар сиёсат дӯстони кӯҳна ва дӯстони нав вуҷуд надоранд, фақат манфиат аст, ки доиман боқист». Ин суханҳоро ба Уинстон Черчилл, сиёсатмадори машҳури англис нисбат медиҳанд, ки дар солҳои сиюму чилум муддатҳои дароз Сарвазири Британияи Кабир буд. Ҳамчунин ҳарфҳои Владимир Илич Ленин, яке аз асосгузорони назарияи коммунистӣ ва давлатдории коммунистӣ маъруфанд, ки сиёсатро ифлос ва онро ба зани сабукпо мушобеҳ дониста буд.
Акнун маълум мешавад, ки чаро дар сиёсат меъёрҳои дугона вуҷуд доранд, чаро террористҳо ба террористҳои «худӣ» ва террористҳои «бегона» ё худ террористони «таҳаммулгарову» «оташинмизоҷ» ҷудо карда мешаванд. Ва садҳо амалу рафторҳои дигари ғайриахлоқиро дар сиёсати ҷаҳонӣ «дарк кардан» мумкин аст, ки ба унвони ҳифзи манфиат сурат мегиранд. Бо ин баҳона нажодпарастӣ, фашизм, терроризму ифротгаройӣ ҳам «асоси мавҷудият» пайдо мекунанд.
Вале ин баҳонаҳо башариятро ба куҷо мебаранд? Ба нобуд шудани ҳама гуна арзиш ва меъёрҳои ахлоқӣ, адлу инсоф, одамият, шаъну шарафи инсон. Дар ҳоле, ки дар муносибати байналмилалӣ асрҳо боз равобити мутақобилан судманд вуҷуд доранд. Муносибатро дар заминаи манфиатҳои муштарак ҳам ба роҳ мондан мумкин аст ва ҳамин будааст, ки имрӯз инсоният ба пешрафту тарақкӣ даст ёфта, дар ҷаҳон сулҳу амнияти нисбӣ пойдор аст.
Тасаввур кунед, ки агар дар равобити байналмилалӣ меъёрҳои баланди ахлоқӣ муқаддам намебуданд, ҷомеаи башарӣ ба чӣ хараҷу мараҷе гирифтор меомад. Дар радифи сиёсатҳои истеъморгароёна, поймолсозии манфиатҳои дигарон, кор гирифтан аз дурӯғ, тӯҳмату бӯҳтон дар муносибатҳои байналмилалӣ андешаҳои суди мутақобила, ақл, адлу инсоф, эҳтироми қавлу қарор ва аҳдномаҳои мутақобила, риояти одамият ва шаъну этибори инсонӣ низ ҳамеша вуҷуд доштанд. Ин сиёсат иҷозат намедиҳад, ки мо дӯстиро як чизи муваққатӣ шуморида, бо он танҳо чун як роҳи ба даст овардани манфиатҳои худамон муносибат кунем.
Сиёсатҳои дохилӣ низ имрӯз дар давлату давлатдорӣ бар пояи аслҳои оқилона, арзишҳои воло, меъёрҳои баланди ахлоқӣ, ба инобат гирифтани манофеи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа бунёд шудаанд. Ин тақозои демократия аст. Яъне, ҳокимияти мардум, аз ҷониби мардум ва барои мардум аст. Демократия аст, ки интихоботи озоду шаффофро дар давлатдорӣ, рақобати озодонаи аҳзоби сиёсӣ барои қудрат, озодии байни фикру ақида ва дигар заминаҳои адлу додро фароҳам овардааст. Ҳамаи инҳо рӯйи меъёрҳои баланди ахлоқӣ ва риояти шаъну шарафи инсонӣ устуворанд. Ва ҳаминҳоянд, ки назму суббот, ваҳдати миллиро дар ҷомеа таъмин мекунанд, барои рушди ҷомеаи башарӣ замина фароҳам меоваранд.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз давлатдории навини хешро дар асоси ин аслҳои ақлгароёна, муқаддам донистани ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаъну шарафи инсонӣ бунёд карда, ояндаи ободу осудаи сарзаминро таъмин хоҳад сохт.
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа