СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: Дар Хуҷанд барои дарёфти 40 гранти Раиси шаҳр озмун эълон мегардад

Июнь 14, 2019 10:28

ХУҶАНД. 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ва  дар ин замина дастгирии  фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, рушди ҳунарҳои дастӣ, таъмин намудани занону духтарони хонашин  бо ҷойи кори доимӣ, тақвият бахшидан ба меҳнати хонагӣ, аз ҷумла, намудҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ  40 грант ба маблағи беш аз 160 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешавад.

Тавре ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода  масъули шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод,  тибқи қарори мазкур, 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ буда, он ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси ҷамъбасти озмун ҷудо ва супорида мешавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли гузашта низ дар  таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд -24 сентябр 40 нафар занони ҳунарманд,  барои  саҳми намоён гузоштан дар  рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон соҳиби гувоҳнома ва гранти раиси шаҳр гардида буданд.

Июнь 14, 2019 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид