Таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Душанбе бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт

Июнь 22, 2019 15:49

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз – 22 июн – дар Боғи «Наврӯзгоҳ»-и  шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ бо иштироки беш аз 5000 сокинони  пойтахт  машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид..Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии точикистон хабар доданд. 

Қабл аз оғози машқҳои ҷисмонӣ муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ва  дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ҳозиринро ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ шодбош гуфтанд.

Зикр  гардид, ки Ҳаракати олимпиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд ва Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар баробари сойири кишварҳои сайёра дар ҷумҳурии мо низ ҳар сол дар сатҳи баланд таҷлил  карда мешавад.

Сипас, ба намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.

Пас аз машғулиятҳои ҷисмонӣ, ки бо роҳнамоии устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иҷро шуд, бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарон ба хотири арҷ гузоштан ба таъриху маданияти кӯҳани халқи тоҷик ба пояи асосгузори аввалин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд.

Тадбирҳои бахшида  Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки 21 июн бо баргузории Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон» дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шуруъ гардиданд, имрӯзу фардо бо доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома меёбанд. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ ва 125-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор карда мешавад.

Июнь 22, 2019 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд