ТАБИБИ ЭНДОКРИНОЛОГ: ба табобати худсаронаи ҷоғар даст набояд зад!

Июнь 11, 2019 09:13

ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Камйодӣ яке аз бемориҳои афзоянда дар байни аҳолии ҷаҳон маҳсуб шуда, Тоҷикистон низ аз ин шумор берун нест.

Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар олам наздики 1,5 миллиард одамон мубталои бемории ҷоғар мебошанд. Алҳол дар Тоҷикистон 62 ҳазору 863 нафар беморони ҷоғар ба қайд  гирифта шудаанд.

Мухбири АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда бо табиби эндокринологи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ» Фирдавс Музаффаров ҳамсуҳбат гардид.

Номбурда дар бораи пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемории ҷоғар чунин ибрози андеша намуд:

— Сабаби асосии бемории ҷоғар норасоии йод дар организми инсон мебошад. Нишонаи маълуми ҷоғар пайдошавии варам дар пеши гардан мебошад, ки аксар вақт беморро ба ташвиш намеоварад. Бинобар ин бемор муддати зиёд ба табиб муроҷиат намекунад.

Нишонаҳои  умумии ҷоғар ин эҳсоси нофорамӣ дар гардан, ҳисси фишор ва чизи лундашакл дар ҳалқ, варами пеши гардан, ки ба чашм аён аст, мушкилшавии фурубарии оби даҳон, тез -тез сулфидан, гирифтани овоз, вайроншавии давраи ҳайз дар занон, камшавии қобилияти ҷисмонию  фикрронӣ ва ғайраҳо мебошад.

Бояд илова кард, ки дар мактаббачагон ҳангоми пайдошавии бемории ҷоғар аломатҳои варами  кардани гардан, хасташавии зиёд, пастшавии азхудкунии дарс, қафомонии ҷисмонӣ, ақлонӣ,  фикрронӣ, дилтангӣ ва асабоният ба мушоҳида мерасанд.

Дар ҳолати пайдоиши чунин аломатҳо ба табиби эндокринолог муроҷиат намудан лозим аст. Табиб бо ламс кардани ғадуди сипаршакл дараҷаи ҷоғарро муайян намуда,  дар ҳолати зарурӣ ултрасадои ғадуди сипаршакл ва ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро таъйин мекунад.

Бояд гуфт, ки пешгирии ин беморӣ нисбат ба  табобаташ хеле осон ва арзон мебошад. Роҳи маълумтарини пешгирии норасоии йод дар организм  истеъмоли намаки йоднокардашуда мебошад. Яке аз усулҳои беҳтарини пешгирӣ намудани ин беморӣ ба намак ҳамроҳ кардани йод мебошад. Зеро намакро ҳама истеъмол менамоянд ва он маводи арзон буда,  ба ҳама дастрас аст. Чун намак дар миқдори кам истифода мешавад, нисбат ба  дигар мавод йодро ба он бисёртар ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 Қонун «Дар бораи  йодноккунии  намак»-ро қабул  кард, ки нишонаи ғамхории давлат дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад. Қонуни мазкур дар ҳифзи беҳдошти мардум ва ба ин васила коҳиш додани бемории ҷоғар саҳми назаррас дорад.

Бояд гуфт, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои йодноккунии намак аз маҳлули йодати калий истифода бурда, барои як тонна намак 30-60 грамм йодати калий ҳамроҳ кардан муқаррар шудааст, ки истеъмоли чунин намак барои пешгирии норосоии йод кофист.

Намаки йоднокро аз ҳад зиёд низ истеъмол кардан мумкин нест. Он миқдор йод, ки ба намак илова мешавад, талаботи шабонарўзии одамро бо йод пурра таъмин мекунад. Ҳамчунин намаки йоднокро дар зарфи сарпўшида, дар ҷои хушк бояд нигоҳ дошт. Мӯҳлати нигоҳдории намаки  йодати калийдор аз 9 то 12  моҳро дар бар мегирад.

Ба  шахсони гирифтори бемории ҷоғар таъйин намудани маводи дорувории йодати калий ва истеъмоли  маҳсулоти баҳрӣ, ки дар таркибашон миқдори зиёди йод доранд (ба монанди  моҳии баҳрӣ, карами баҳрӣ) тавсия дода мешавад.

Бояд гуфт, ки норасоии йод барои ҳамаи узвҳои  инсон оқибатҳои ногувор дорад. Дар сурати норасоии йод инкишофи асаб ва афзоиши устухонҳо дар инсон суст шуда, дар овони кўдакӣ боиси заифии рушди тафаккур ва ҳатто ноқисулақлӣ  низ мегардад.

Норасоии  йод дар давраи ҳомиладорӣ низ  хатари ҷиддӣ дорад. Ҳомиладорӣ давраест, ки дар он ғадуди сипаршакли зани ҳомила якбора ба ду ҷисм – модар ва кўдаки дохили батн хизмат мекунад ва кори ғадуди сипаршакл дучанд зиёд мешавад. Ҳомиладорӣ яке аз омилҳоест, ки таъсири камйодиро ба ҷисми модар ва кўдак меафзояд ва он дар навбати худ ба бемориҳои камйодӣ оварда мерасонад. Йод дар се моҳи ташаккули ҷанин дар батни модар ва дар се соли аввали  ҳаёти кўдак хеле муҳим аст, зеро инкишофи ҳуҷайраҳои мағзи сар аз таъминоти кофии гормонҳои ғадуди сипаршакл бо йод вобастагии калон дорад.

Муайян карда шудааст, ки дараҷаи инкишофи ақлонии кўдаконе, ки дар минтақаҳои аз йод танқисӣ  дошта зиндагӣ мекунанд, то 10-15 фоиз кам аст. Ин нишондод албатта ба қобилияти дарсазхудкунии  хонандагон,  саломатии занон, сатҳу сифати зиндагонии ҷомеа ва самаранокии иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тавр дар ҳолати норасоии йод  вайроншавии мутобиқати ҳаракат, вайроншавии нутқ, пастшавии шуур, биниш ва шунавоӣ,  гунгӣ, фалаҷи ҷузъӣ ва ноқисулақлӣ (кретинизм) ба вуҷуд меояд.

Баъзе одамон ва табибони мардумӣ ба табобати худсаронаи ҷоғар даст мезананд. Аз он ҷумла роҳи ба об ва шир ҳамроҳ кардани қатраҳои йоди аз дорухонаҳо гирифтаро тавсия менамоянд, ки ин нодуруст аст.

Барои афзоиши ҷисми кўдак ғизои солим зарур аст, ки дар таркиби он ба ғайр аз меъёри муайяни сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо инчунин моддаҳои минералӣ,  яъне йод, оксиди фолиев-оҳан, фосфор, магний, молибден, калсий, мис ва ғайра лозим аст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2019 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БРИТАНИЯИ КАБИР БА ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ОМОДА АСТ. Имсол 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Британияи Кабир сафарбар мегарданд
Дар Агентии хизмати давлатӣ масъалаи пардохти музди меҳнати хизматчиён ҳангоми таҳсил баррасӣ гардид
ШАҲРИ ЗЕБОИ МАН. Милитсияи Хатлон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёдкорӣ иқдом гирифт
«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад
ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ. Дар ҷамоатҳои шаҳри Исфара бо сокинон оид ба хатари таассуб мулоқот доир шуд
Охири моҳи апрел ва аввали май Тоҷикистонро ҳавои номусоид интизор аст. Таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна аст?
Дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонии жола анҷом ёфтанд
«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Дар Тоҷикистон аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар минтақаҳо оғоз шуд
Дар Конибодом доир ба оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он мулоқот доир шуд
Дар Душанбе масоили ҳуқуқ, таҳсил ва бокортаъминкунии маъюбон таҳлилу баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон мавсими эҳтимолии сел, обхезӣ ва сангрезӣ аст. Чиро бояд дар хотир дошт?
Дар Восеъ довталабони хизмати аскарӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд