Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи синамо тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба ҳамкории муштарак дар соҳаи истеҳсоли филмҳо ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Зимни маросими баимзорасонӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ва дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, ба имзо расидани созишномаи мазкурро яке аз ҷанбаҳои хуби ин муносибатҳо унвон карданд.
«Созишнома аз 17 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои марбут ба филмбардориро фаро мегирад. Минбаъд синамогарони ҳарду кишвар метавонанд дар ҳамҷоягӣ филм истеҳсол намоянд», — иттилоъ доданд аз МД «Тоҷикфилм».
Дар созишнома ҳамчунин дар мавриди ба намоиш гузоштани филмҳо, ҳамкории эҷодии синамогарони ҳарду давлат, ҳуқуқи муаллифӣ, даъвати ҳунармандон, ҷалби ҷониби сеюм барои таҳияи филм, иштироки филми муштарак дар синамобазмҳои ҷаҳонӣ, даъвати мутахассисони ҳарду ҷониб, филми тавлидшуда бо зернависи тоҷикӣ – чинӣ ва ё яке аз забонҳои хориҷӣ гуфта шудааст.
Бояд зикр кард, ки созишнома миёни филмофарони тоҷику чинӣ дар чорчӯбаи қонунҳои ҳарду давлат ва риоя кардани тартибот, инчунин эҳтиром гузоштан ба фарҳангҳои ҳарду миллат амал менамояд.
Ҳамкории зичу муфид дар соҳаи кинематография миёни синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди синамои ҳарду давлат мусоид буда, мубодилаи фарҳангӣ ва иқтисодиро вусъат мебахшад.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






