Вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ дар Анапа ҷамъ меоянд

Июнь 5, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 05.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  яке аз шаҳрҳои ҷанубии Федератсияи Россия — Анапа мизбони  ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи зикргардида  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ  Мирзо иштирок менамояд.

Дар кори ҷаласа инчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок хоҳад кард.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа вазирони мудофиаи ИДМ беш аз бист масъалаи мубрами вобаста ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба авзои амнияти кишварҳои ИДМ, усулҳои консептуалии рушди ҳамкории низомӣ миёни кишварҳои узви ИДМ то соли 2025, таҷрибаи ба эътидол овардани баъдиҷангӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурияро баррасӣ намоянд.

Инчунин Вазирони мудофиаи ИДМ баргузории машқҳои  муштараки низомии неруҳои тирандози ҷангӣ низоми муттаҳидаи дифоъии зиддиҳавоии  ИДМ — «Боевое Содружество-2019» , ки дар соли равон пешбинӣ шудааст, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар  соҳаи истифодаи  авиатсияи бесарнишин ва мубориза бо воситаҳо  ва дастгоҳҳои  бесарнишини  ҳавоии парвозкунанда, чорабиниҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои ИДМ –ро дар соли 2020 матраҳ хоҳанд кард.

Дар  ҷаласа ҳамзамон доир ба рушди ҳамкорӣ  дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, варзиш ва омода намудани мутахассисон сухан хоҳад рафт.

Ғайр аз ин  аъзои Шӯро иҷрои Нақшаи татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи маълумоти ҷуғрофии таъйиноти низомидоштаро  барои неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ, тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсози хадамоти топографии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаро баррасӣ менамоянд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро санаи баргузорӣ ва рӯзномаи вохӯрии ояндаи вазирони мудофиаи ИДМ-ро муайян хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ соли 1992 таъсис дода шуда, ба ҳайати он Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.

Шӯро ҳамкории низомии кишварҳои ИДМ-ро ҳамоҳанг  сохта, усулҳои консептуалии марбут ба масъалаҳои сиёсати ҳарбиро баррасӣ намуда, инчунин  пешниҳодотро  оид ба амалӣ намудани кӯшишҳои ба пешгирии муноқишаи мусаллаҳона нигаронидашударо таҳия месозад.

Ҳамзамон  рисолати Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ аз баррасии  лоиҳаи шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои мудофиа ва сохтмонҳои ҳарбӣ,  таҳияи пешниҳодотҳо  барои наздикунонии  санадҳои ҳуқуқии соҳа ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкории низомӣ иборат  аст.

Июнь 5, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид