«Занон, сулҳ ва амният»: дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА доир гардид

Июнь 6, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 06.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 июни равон  дар қасри Хофбурги шаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаҳои марбут ба татбиқи Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 1325 бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни муаррифии мундариҷа ва муҳтавои ҷаласа Раиси FSC, Намояндаи доимии Ҷумҳарии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар ба тамоюли мусбате, ки дар кишварҳои САҲА нисбат ба дарки нақши занон дар таҳкими бахши амният ва ҳамзамон аҳамияти ширкати онҳо дар раванди қабули қарорҳо сурат мегирад, ишора намуд. Таъкид шуд, ки ин амр дар асоси Консепсияи фарогири амниятии САҲА ва дигар асноди сиғавии сиёсии Созмон, ки ба мақсади мусоидат ба талошҳои кишварҳо дар татбиқи қатъномаи 1325-и Шӯрои амнияти СММ қабул шудаанд, амалӣ мешавад.

Иҷлоси мазкур, ки дар арафаи 20-умин солгарди қабули Қатъномаи 1325 баргузор гардид, ба ҳайатҳои доимии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА барои мубодилаи донишу таҷриба дар тавсеаи ширкати занон дар бахши амният шароити мусоид фароҳам овард. Гузашта аз ин, дар ҳамоиш нақш ва мусоидати САҲА дар раванди роҳандозии ислоҳоте, ки дар кишварҳои ширкаткунандаи Созмон ба мақсади риояи хусусияти гендерӣ дар соҳаи амният, мудирияти давлат, низоми адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қобили тазаккур аст, ки 23 июли соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Нақшаи амалро роҷеъ ба татбиқи Қатъномаи 1325 барои солҳои 2014-2018 қабул кардааст. Дар Тоҷикистон 3 гурӯҳи кории ихтисосӣ (дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ) таъсис дода шудаанд, ки барои такмил додани қонунгузории гендерӣ дар соҳаҳои мушаххас масъул мебошанд. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик дуюмин Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022 бо дарназардошти таҷрибаи андӯхташуда ҳангоми татбиқи санадҳои қаблӣ омода ва қабул карда шавад.

Июнь 6, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид