«Занон, сулҳ ва амният»: дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 июни равон дар қасри Хофбурги шаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаҳои марбут ба татбиқи Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 1325 бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни муаррифии мундариҷа ва муҳтавои ҷаласа Раиси FSC, Намояндаи доимии Ҷумҳарии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар ба тамоюли мусбате, ки дар кишварҳои САҲА нисбат ба дарки нақши занон дар таҳкими бахши амният ва ҳамзамон аҳамияти ширкати онҳо дар раванди қабули қарорҳо сурат мегирад, ишора намуд. Таъкид шуд, ки ин амр дар асоси Консепсияи фарогири амниятии САҲА ва дигар асноди сиғавии сиёсии Созмон, ки ба мақсади мусоидат ба талошҳои кишварҳо дар татбиқи қатъномаи 1325-и Шӯрои амнияти СММ қабул шудаанд, амалӣ мешавад.
Иҷлоси мазкур, ки дар арафаи 20-умин солгарди қабули Қатъномаи 1325 баргузор гардид, ба ҳайатҳои доимии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА барои мубодилаи донишу таҷриба дар тавсеаи ширкати занон дар бахши амният шароити мусоид фароҳам овард. Гузашта аз ин, дар ҳамоиш нақш ва мусоидати САҲА дар раванди роҳандозии ислоҳоте, ки дар кишварҳои ширкаткунандаи Созмон ба мақсади риояи хусусияти гендерӣ дар соҳаи амният, мудирияти давлат, низоми адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Қобили тазаккур аст, ки 23 июли соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Нақшаи амалро роҷеъ ба татбиқи Қатъномаи 1325 барои солҳои 2014-2018 қабул кардааст. Дар Тоҷикистон 3 гурӯҳи кории ихтисосӣ (дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ) таъсис дода шудаанд, ки барои такмил додани қонунгузории гендерӣ дар соҳаҳои мушаххас масъул мебошанд. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик дуюмин Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022 бо дарназардошти таҷрибаи андӯхташуда ҳангоми татбиқи санадҳои қаблӣ омода ва қабул карда шавад.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






