ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД… Фарҳод Маҳкамов аввалин пайғомрасони сулҳ ба фирориёни тоҷик дар Кампи Сахии Афғонистон буд
«Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ин марди накуном Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич – аввалин пайғомрасони сулҳ ба фирориёни тоҷики дар Кампи Сахии Афғонистон паноҳёфта мебошад.
Тавре дар таърихи навини тоҷикон сабт шудааст, яке аз масъалаҳои асосии дар Ҷаласаи таърихии XVI — уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида — ба Ватан бозгардонидани фирориёни тоҷик аз қаламрави Афғонистон буд. Он замон, яъне моҳҳои октябр – декабри соли 1992 бар асари ҷангҳои дохилии дар вилояти Хатлон ба вуқӯъпайваста, як қисми аҳолии ин вилоят аз тарси ҷони худ ба Афғонистони ҳамсоякишвар фирор карда буданд. Бо мақсади ба Ватан бозгардонидани онҳо аз тарафи роҳбарияти кишвар дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ вазифа гузошта шуд, ки барои ба ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ чораҳои дахлдор андешанд. Бо ташаббуси бевоситаи Маҳкамов Ф.Ҳ., ки он замон ба ҳайси сардори яке аз раёсатҳои КДАМ ҶТ ифои вазифа менамуд, гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби кормандони амниятӣ ва мулкӣ таъсис дода шуд. Дар маҷмӯъ, аввалин гурӯҳи кории мазкур аз се нафар афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, яъне Маҳкамов Ф.Ҳ., Айниев А. ва Сангинов Н.Н., инчунин, Бӯрихонов Баҳодур (намояндаи ҷамъияти «Пайванд»), Мустафоқулов Шералӣ ва Ғайбуллоев Анвар (кормандони ттелевизион) иборат буд.
Интихоби Маҳкамов Ф.Ҳ. ба ҳайси роҳбари гурўҳи корӣ асоснок ва арзанда буд. На ҳама кас ҷуръат мекард, ки дар он шароити вазнини ҷангӣ ба Афғонистон сафар кунаду фирориёнро ба ватан баргардонад, вале Маҳкамов Ф.Ҳ. аз ин ҳолат натарсид ва ҳамчун ватандўсту ватанпарвари воқеӣ барои роҳбарии ин гурӯҳро ба уҳда гирифтан, розигии худро дод.
Илова бар ин, Маҳкамов Ф.Ҳ. дар замони пойдории собиқ Иттиҳоди Шўравӣ муддати тўлонӣ дар Сафоратхонаи Иттиҳоди Шўравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вазифаҳои мухталифи дипломатӣ кор карда буд. Дар давоми хизмати тўлониаш он кас тавонист бо мақомоти баландпояи афғонии он замон сари қудратбуда, инчунин, баъзе роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои ҷиҳодӣ, аз қабили Аҳмадшоҳи Масъуд (Ҷамъияти Исломии Афғонистон), Абдурашид Дўстум (Ҷунбиши Исломии Миллии Афғонистон) ва ғайра, дўстӣ барқарор кунад. Огоҳии хуб аз раванди вазъияти сиёсӣ – низомии Афғонистон, дониши хуби забони форсии дарӣ, таъриху ҷуғрофиёи Афғонистон ба ӯ имконият медод, ки дар байни қишри гуногуни ин кишвар худро озод ҳис кунад.
Ба гурӯҳи корӣ ваколати ҳукуматӣ дода шуд ва 4 феврали соли 1993 он озими Афғонистон гардид. Худи ҳамон рўз аз тариқи бандари Хайратони Ҷумҳурии Ўзбекистон, вориди шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх гардидем. Вилояти номбурда он солҳо зери нуфузи Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон таҳти саркардагии генерал Абдурашид Дўстум қарор дошт. Ҳукумати марказии Афғонистонро бошад, Президент Бурҳониддин Раббонӣ – асосгузори Ҷамъияти Исломии Афғонистон идора мекард. Ҳайати мо дар меҳмонхонаи «Расули Барот» ҷой гирифт.
Як рўз баъд аз расидан ба Мазори Шариф гурӯҳи корӣ кўшиш кард, ки бо фирориён дар Кампи Сахӣ вохўрӣ гузаронад, аммо роҳбарияти урдугоҳ, ки ба он сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қавмҳо шомил буданд, аз ин вохўрӣ даст кашиданд. Танҳо баъд аз миёнҷигарии намояндагии Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба фирориён вохўрии якуми гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти Кампи Сахӣ дар қароргоҳи ин Комиссариат баргузор шуд.
Аз суҳбат бо онҳо маълум гардид, ки дар Кампи Сахӣ аксариятро бошандагони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён ташкил медиҳанд ва шумораи онҳо то ба 35 ҳазор нафар мерасад. Вохўрии якум вазнин гузашт. Роҳбарияти фирориён хеле эҳсосотӣ буда, ҳукуматро дар ҳама кор айбдор медонистанд. Вале ба роҳбари гурӯҳи корӣ Маҳкамов Ф.Ҳ. муяссар гардид, ки бо лаҳни орому фасеҳ мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд. Ба онҳо фаҳмонидад, ки фирориёни Кампи Сахӣ қисми ҷудонашавандаи аҳолии Тоҷикистон мебошанд ва ба Ватан ҳатман баргардонида мешаванд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус хеле қатъӣ мебошад.
Бояд ёдовар шавам, ки он замон мақомоти махсус ва қудратии Ҷумҳурии Ўзбекистон роҳбари гурӯҳро хуб мешинохтанд. Ба ин сабаб бо мо рафтори хуб доштанд. Онҳо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баргардонидани фирориёни тоҷик ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои мо тамоми шароити лозима, яъне рафтуомади озод дар қаламрави Ўзбекистон, воситаи телефонӣ, нақлиёт ва ғайраро муҳайё карданд. Бо истифода аз воситаҳои алоқа гурӯҳи корӣ метавонист дар сурати зарурӣ ва фаврӣ бо марказ тамоси телефонӣ дошта бошад. Хатти сарҳадии Ўзбекистону Афғонистон дар минтақаи убури он аз тариқи Айритом (Ўзбекистон) — Хайратон (Афғонистон) барои гурӯҳи корӣ шабонарўзӣ боз буд. Ин имконият медод, ки оид ба раванди вазъият дар Кампи Сахӣ дархосту талаботи фирориён ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти дахлдор расонида шавад.
Эътибори Маҳкамов Ф. Ҳ. дар байни дипломатҳои руси муқими Мазори Шариф низ ниҳоят баланд буд. Ў бо Консули генералии Русия Михайлов А.И. ва муовинаш Чикунов А. дӯстии дерина дошт. Ба ин сабаб дипломатҳои рус ба ҳайати гурӯҳи корӣ дар иҷрои вазифаи бардўшдошта кумаки ҳамаҷонибаи самимии худро расониданд. Якчанд вохӯриҳои ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарони Кампи Сахӣ бо миёнҷигарии дипломатҳои мазкур гузаронида шуданд. Онҳо дар суҳбату вохӯриҳо фирориёни тоҷикро барои ба ватан баргаштан тарғиб мекарданд.
Рафтору кирдори наҷиб ва инсондӯстонаи Маҳкамов Ф.Ҳ. имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ӯ дар байни муҳоҷирон обрӯю нуфузи баланд пайдо кунад. Дигар онҳо кӯшиш намекарданд, ки аз ҳайати гурӯҳи корӣ худро дур кунанд. Ҳамарӯза меҳмонхонаи «Расули Барот» пури муҳоҷир мешуд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо роҳбари гурӯҳ тамос дошта, аз аҳволи вазнини худ дарди дил кунанд, шароити ба ватан баргаштан ва масоили дигари ташкилиро дар миён гузоранд. Маҳз ин омилҳо боис шуданд, ки байни гурӯҳи корӣ ва муҳоҷирон ҳусни тафоҳуми муносиб барқарор гардад. Дар натиҷа, мо вазифаи дар наздамон гузошташударо дар сатҳи олӣ анҷом додем. Дар ин самт, ба ақидаи банда, саҳми Маҳкамов Ф.Ҳ. басо арзанда мебошад. Маҳз ба туфайли саъю талоши шабонарӯзии ӯ дар давоми соли 1993 беш аз бист ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин самт хизмати роҳбари гурӯҳ Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич басо арзанда ва қобили қадрдонӣ аст.
Баъд аз анҷоми ин супориши ҳукуматӣ Маҳкамов Ф. Ҳ. ба кори дипломатӣ гузашт. Вазифаи охиринаш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Дар ин ҷода низ худро фақат аз нигоҳи мусбӣ нишон дод. Ба шароити ҷангии ҳамсоякишварамон нигоҳ накарда, дар давраи сафириаш баҳри таҳкими робитаҳои судманди дутарафа хизмати шоён намуд.
Имрўз Фарҳод Ҳамробоевич дар байни мо набошад ҳам, кору пайкори ӯ баҳри таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хотираи мо дўстон, абадӣ боқӣ мемонад. Саъдии бузургвор фармудааст:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Ин суханони пандомез ба ҳаёт ва пайкори шодравон Маҳкамов Ф.Ҳ. дахл дорад, зеро мо дӯстон номи он касро ҳамеша бо некӣ ёд мекунем.
Назрулло САНГИНОВ,
коршиноси масоили амнияти
минтақавии МТС назди
Президенти ҶТ