30 июл-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одамон: Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо он тадбирҳои муассир меандешад
ДУШАНБЕ, 30.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 10 ҷинояти марбут ба савдои одамонро ба қайд гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки 30 июл ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди савдои одамонро (World Day against Trafficking in Persons) таҷлил менамояд.
Санаи мазкур бо мақсади ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба вазъи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2013 инҷониб дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад.
Мусаллам аст, ки савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада ва суботашон ноустувор ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд. Дар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид санадҳои марбута, аз қабили созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногумазмунро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо дар сайёра нигаронида шудаанд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин аст, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» қабул гардид. Қабули ин санадҳо бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил ва одамрабоёну одамфурӯшон ҳадафҳои нопоки худро дар ҷомеа амалӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар назди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон Маркази муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Маркази мазкур барои пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бо мақсади таҳлил ва мониторинги вазъи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон дар заминаи Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани ягонаи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ташкил карда шудааст, ки дар он маълумот оид ба ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон, ҷинояткорон, қурбониёни савдои одамон, гурӯҳҳои осебпазир ҷой карда мешаванд. Ҳамчунин дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсус ва мунтазами такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва гузаронида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон дар шароити ҷаҳони муосир ҳамчун зуҳуроти манфӣ эътироф гардида, метавонанд ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи башарӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Дар ин росто, барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти нангин-савдои одамон ҷомеаи байналмилалиро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ муборизаи беамон ва оштинопазир барад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»









Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






