31 июл Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот ва ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» нишасти мабуотӣ мегузаронанд.
Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти матбуотиро соати 10:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир менамояд.
Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо намояндагони ВАО соати 15:00 дар маҷлисгоҳи кумитаи мазкур нишаст мегузаронад.
Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 16:00 дар толори ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






