Аҳолии шаҳри Хоруғ пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, шарикони рушд ва сокинон ширкат намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ба истифода додани хатти оби ошомиданӣ роҳбари вилоят сухан карда, ҳадафи асосии лоиҳаро дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ маънидод кард.
Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда шуд. Паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ «Помир-энергосервер» ва КВД «Бадахшон-роҳсоз» ба ҳисоб рафта, хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр оварда шуд.
Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус зикр намуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа беш аз як ҳазор хоҷагии шаҳри Хоруғ, ки 5, 5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов иброз намуд, ки «агар 10 сол пеш дастрасии сокинони вилоят ба оби нӯшокӣ 47 фисадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондод 80 дарсадро ташкил медиҳад. Тайи солҳои охир дар ин самт 4 миллион доллар харҷ гардидааст».
Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст, ки дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр бо оби ширин таъмин хоҳанд гардид.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






