Аҳтам Абдуллозода: «Омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио -2020 яке аз самтҳои асосии кори Кумита аст»

Июль 30, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио -2020  яке аз самтҳои афзалиятноки кори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии  олимпӣ мебошад. Тайи  ду сол аст, ки дар ин самт омодагиҳо идома дошта,  тамоми қувва ва кӯшишу ғайрат ба он равона шудааст. Ин нуктаро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.

Ба зикри номбурда, ҳоло Кумита  бо панҷ федератсияи варзишие, ки аз рӯи намудҳои олимпӣ фаъолият доранд,   нақшаҳои сеҷонибаи кории худро бо харҷи беш аз 4,5 миллион сомонӣ тасдиқ кардааст.   Варзишгароне, ки   ба Бозиҳои олимпии Токио -2020   омодагӣ мебинанд, аллакай медонанд, ки давоми  сол ба кадом мусобиқаҳо сафарбар  карда мешаванд. Қабл аз  баргузории мусобиқаҳои  байналмилалӣ  машқҳои ҷамоавии тамринӣ роҳандозӣ карда мешаванд.   Имрӯз  варзишгарон аз рӯи  намуди дзюдо дар дараи Ромит ва дигар мавзеъҳои баландкӯҳ  машқҳои дастаҷамъонаи пеш аз мусобиқаҳоро гузашта истодаанд.

Гурӯҳи  кории махсусе, ки  варзишгаронро барои Бозиҳои олимпии Токио -2020   омода мекунад, давоми шаш моҳи соли равон  ҳар  ҳафта як маротиба  дар Кумитаи миллӣ олимпӣ  ҷаласаҳои корӣ  доир намуд. Ҳоло  ин ҷаласа дар як моҳ ду маротиба доир гардида, иштироки ҳар як    варзишгари тоҷик  натиҷабандӣ ва таҳлил карда мешавад.  Дар ин самт масъулин ҷиддӣ кор бурда, кӯшиш намуда истодаанд, ки варзиши тоҷик  дар  ин мусобиқаи бонуфуз   муаррифӣ гарданд. Бояд зикр намуд, ки корҳои омодагӣ ба бозиҳои Токио-2020 бомаром идома доранд.  Новобаста  аз ин масъулин омодагиҳои худро ба тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ дида истодаанд.

«Имрӯз  таҷрибаи тасдиқ намудани нақшаи сеҷониба аз рӯи  намудҳои дзюдо, гӯштини тарзи озод, юнону румӣ, варзиши сабук, қаиқронӣ ва бокс   самараи хуб  дода истодааст. Ҳоло мусобиқаҳо  доир ба дарёфти роҳхат ба бозии олимпӣ шуруъ шудаанд. Варзишгарон бо маводи фармакологӣ бо харҷи беш  аз 150 ҳазор сомонӣ  таъмин карда  шудаанд.  Бархе аз варзишгарон  дар беҳтарин муассисаҳои тиббии варзишии ҷаҳон аз ташхис гузашта истодаанд»,- иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.

Июль 30, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд