ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт

Июль 1, 2019 16:26

ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ваҳдати миллӣ барои мардуми ноҳияи Кӯшониён, бахусус маорифчиён аз он ҷиҳат хотирмон гардид, ки дар деҳаи дурдасти Эргаши Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 дари худро ба рӯи хонандагону омӯзгорон ва бошандагони деҳа боз намуд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар расми кушодашавии ин мактаби замонавӣ муовини Вазири маориф ва илм Мирбобо Раҳматулло, муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Муассисаи мазкур аз 9 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 11 адад компютер, як тахтаи электронӣ, кабинетҳои физикаю биологияи муҷаҳҳаз бо навтарин аёнияти таълимӣ, хонаи муаллимон ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Мактаб бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм сохта шуда, дар корҳои сохтмонию таҷҳизи синфхонаҳо зиёда аз  9,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Акнун муҳассилин дар бинои зебою барҳаво ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбобҳои аёнӣ ва бо истифода аз технологияи муосир метавонанд дониши мукамал гирифта, фанҳои дақиқро аз бар намоянд.

Аз ин иқдоми созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону толибилмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуданд, ки кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ба камол расонанд.

Июль 1, 2019 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд