ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Турсунзода 310 иншоот бунёд мешаванд
ТУРСУНЗОДА, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 310 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз 78 иншоот, аз ҷумла 6 сардхона бо ғунҷоиши 460 тонна маҳсулот, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ дар се ҷамоати деҳот, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон дар арафаи ҷашни 28 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.
Ба маълумоти номбурда, дар нимсолаи якум дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 432,1 миллион баробар шуд. Корхонаҳои саноатии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 85,7 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол намуданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дастгирии аҳолии ниёзманд дар шаш моҳ ба маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба камбизоатону ятимон кумак расонида шуд. Ҳамчунин ба 2400 нафар оилаҳои камбизоат 300 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ барои ҳаққи неруи барқ дода шудааст.








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






