ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Турсунзода 310 иншоот бунёд мешаванд

Июль 31, 2019 11:31

ТУРСУНЗОДА, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 310 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.

То  имрӯз 78 иншоот, аз ҷумла  6 сардхона бо ғунҷоиши 460 тонна маҳсулот, кашидани хатҳои  оби нӯшокӣ дар се ҷамоати деҳот,  майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.  Ҳамзамон дар арафаи ҷашни 28 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.

Ба маълумоти номбурда, дар нимсолаи якум дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 432,1 миллион  баробар шуд. Корхонаҳои саноатии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 85,7  миллион сомонӣ зиёд маҳсулот  истеҳсол намуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дастгирии аҳолии ниёзманд  дар шаш моҳ  ба маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба камбизоатону ятимон кумак расонида шуд. Ҳамчунин ба 2400 нафар оилаҳои камбизоат 300 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ барои ҳаққи неруи барқ дода шудааст.

Июль 31, 2019 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид