ҲАДДИ ХУД БИШНОС!.. Қонуни танзим сабаби паст рафтани сатҳи хурофоту таассуб, худнамоию зоҳирпарастӣ ва исрофкорию зиёдаравӣ миёни шаҳрвандони мамлакат гардидааст

Июль 11, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. “Аз қабули қонуни танзим дувоздаҳ сол гузашт. Ин муддат имкон медиҳад, ки аз амали қонун натиҷагирӣ намоем. Аввалтар аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабаби коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз банди хурофот тоза намудани афкори мардум, болоравии сатҳи иқтисодии зиндагии шаҳрвандон ва устувортар гардидани суботу амнияти кишвар гардид”, —  иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ “Ховар”  коршинос, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТЗОДА.

Дар идомаи андешаҳои худ мавсуф чунин афзуд:

Асрҳо наслҳои зиёди миллати тоҷик ойину анъана ва ҷашну маросими худро монанд ба арзишҳои дигари миллӣ ҳифз намуда, то ба имрӯз росониданд. Тӯли қарнҳо ин ойину анъанаҳо ва ҷашну маросим шаклану мазмунан тағйир ёфта, аз як насл ба насли дигар мегузаштанд. Дар гузашта расму ойин, маросиму ҷашнҳо чӣ динию чӣ дунявӣ аз ҳам ҷудо чашн гирифта намешуданд. Мардум ҳаёти худ ва ҳаёти ҷамъиятро ба шакли бутун яклухт қабул дошт.

Ёди таърихии миллати мо дар ин мавзӯъ сарчашмаҳои муътабаре, чун Авесто, Ведҳо, Динкард, Яштҳо, Бундаҳишн ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошанд. Адабиёти классикии тоҷик худ саршори тараннуми анъана ва ҷашну маросим аст. Дар эҷодиёти қариб ҳамаи шоирону нависандагони гузаштаи тоҷик ба ин мавзӯъ дахл карда шудааст. Вале мавқеи анъана ва ҷашну маросим дар адабиёти гузаштаи мо ба таври илмӣ омӯхта нашудааст.

Таърих роҳи бозгашт надорад. Яъне, бозгашт ба дини Зардушт, Монӣ ва Маздак барои тоҷикон марҳилаест, ки ин миллат онро пушти cap намудааст. Аммо ҷашну маросим, анъанаву ойин аз дили қарнҳо гузашта, чандин давлатҳову шаклҳои давлатдорӣ ва динҳои гуногунро убур намуда, чун арзиши гаронбаҳои миллӣ аз як қарн ба қарни дигар, аз як насл ба насли дигар мегузаштанд ва ҷаҳонбинии ин наслҳоро дар худ таҷассум менамуданд. Дар даврони истиқлолият ҷашнҳои қадимии Наврӯз, Меҳргон, Сада бо шаклу мазмуни нав эҳё шуда, идҳои Рамазон ва Қурбон ҳамчун як ҳиссаи фарҳанги миллат расман соҳиби мақоми ҷашн гардиданд.

Қонун чизи дигар аст. Онро аксари аъзои ҷомеаи ҳозир пазируфтаанд. Дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳама гуна қонунҳо натиҷаи хирад ва заковати халқ мебошанд, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардум қонунҳо қабул мегарданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кулли мардум таҳия ва қабул шудааст. Ин қонун дар худ афкор, мавқеъ ва манфиати мардум, натиҷаи назари огоҳонаи аъзои фаъоли ҷомеаро таҷассум намудааст. Худи халқи Тоҷикистон ба ин қонун “Қонуни танзим” ном ниҳодааст. Агар аниқу яқин гӯем, муаллифи ҳамин қонун ҳамаи мардуми мамлакати азизамон аст.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси раванди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан ронда, аз ҷумла чунин гуфтанд: “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳое, ки ба гурӯҳҳои кории ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва сайти Президенти Тоҷикистон ворид шуда буд, таҳия гардид. Дар баррасии он мардум тавассути воситаҳои  ахбори омма ва шабакаҳои телевизионӣ фаъолона ширкат варзиданд. Чунин фаъол будани мардум дар раванди қабули қонун намунаи равшани дастоварди давлати демократии Тоҷикистон буд, ки иртиботи бевоситаи воридшавии иродаи мардумро ба мазмуни қонунгузории кишвар собит мекард. Ана дар ҳамин асос онро қонуни миллӣ меноманд!”.

Қонуни танзим дорои хусусияти мардумӣ, мазмун ва муҳтавои фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, аз таваллуд то марг ҳамсафари ҳаёти мардум аст. Қонуни танзим сирф қонуни миллист. Ҷои ифтихор аст, ки он дар ҷаҳон то ҳол назир надорад ва миллатҳои дигари дунё баҳри омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон кӯшиш намуда истодаанд.

Ҳанӯз моҳи майи соли 2007 Президенти мамлакат таъкид карда буданд, ки “мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”.

Баъди ба даст овардани истиқлолият, истиқрори сулҳу вахдат дар Тоҷикистон масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросим ва расму ойинҳо пеш омад. Мақсад аз қабули қонуни танзим ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот, ифротгароӣ, ки боиси гумроҳиву гирифторӣ, қафомонию кулфатзадагии мардум мегардад, иборат буд. То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросими мардумӣ дар ҳолати бисёр ташвишовар қарор дошт. Паст будани маърифати динии шаҳрвандон, зоҳирпарастӣ сабаб гардид, ки ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросими динӣ ба маъракаҳои пурдабдабаю серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.

Бино ба таҳлилҳо ва маълумоти оморӣ, аксари мардуми кишвар бо вуҷуди камбизоат буданашон ба нангу номус, тақлидкорӣ, худнамоӣ фурӯ рафта, манфиатҳои шахсӣ ва буҷаи оилавии худро хароб мекарданд. Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати мамлакат 24 майи соли 2007 Президенти мамлакат гуфта буданд: “Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму ойинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад”.

Аз қабули қонуни танзим дувоздаҳ сол гузашт. Ин муддат имкон медиҳад, ки аз амали қонун натиҷагирӣ намоем. Аввалтар аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабаби коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз банди хурофот тоза намудани афкори мардум, болоравии сатҳи иқтисодии зиндагии шаҳрвандон ва устувортар гардидани суботу амнияти кишвар гардид.

Ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи танзими расму ойинҳо интишор шуд, ки он вақт қариб 80% сокинони мамлакат камбизоат буданд. Фарҳанги динии мардум дар дараҷаи паст қарор дошт ва онҳо урфу одатҳои хурофотиро ҳамчун урфу одатҳои динӣ қабул намуда, байни ҳам дар барпо намудани маъракаҳои серхароҷот мусобиқа мекарданд, ин ҳолат боиси афзудани сафи камбизоатҳо мегардид. Аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон маблағҳои калон фиристода мешуд, ки қисми зиёди он сарфи ҳамин маъракаҳои хурофотии сермасраф мегардид. Ҳамон вақт Президенти мамлакат чунин изҳор намуда буданд: “Маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи ислом торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст”. Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон он солҳо ҳақиқатан гирифтори “бемории” урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ буда ба чунин таҳаввулоти фикрӣ ва иқтисодиву мафкуравию иҷтимоӣ ниёз дошт”.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тамоми ҷумҳурӣ сохторҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cap карда, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода шуданд.

Дар айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 499 комиссияҳои доимӣ мавҷуданд, аз ҷумла 3-то дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, 1-то дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 68-то дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 421 -то дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис ёфтаанд. Шумораи комиссияҳои ҷамъиятии танзим дар корхонаю идораю муассисаҳо ба зиёда аз 770 адад мерасад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз қабули Қонуни танзим дувоздаҳ сол гузашта бошад ҳам, шахсони масъули комиссияҳои доимии маҳаллӣ ба Қонун шинос нестанд, мазмуну муҳтавои онро ба таври бояду шояд намедонанд. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ талаботи тартиб додани санад, протокол ва суратмаҷлисҳоро намедонанд. Баъзан ҷаримаҳои аз аҳолӣ рӯёнидаи онҳо ғайриқонунӣ буда, аз тарафи судҳо рад карда мешаванд. Ҳанӯз ҳам шахсони нолоиқ, тасодуфӣ ва камсавод дар сафҳои комиссияҳои доимии маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Ҳатто баъзеашон фарқи додани ош ва додани зиёфатро намедонанд! Пас, онҳо чӣ гуна иҷрои талаботи Қонуни танзимро назорат мекарда бошанд?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бисёр қонуни демократӣ аст. Агар матни онро бо диққат мутолиа намоед, ба хубӣ хоҳед дид, ки ибораҳои “ба таври ихтиёрӣ”, “ метавонад”, “ манъ намекунад”, “ҳуқуқ дорад” вомехӯранд, ки гувоҳи дар доираи Қонун озодона амал кардани соҳиби маъракаҳо мебошанд.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар баргузории расму ойинҳо озод аст. Шаҳрванд метавонад маъракаҳои зодрӯз, хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, маъракаҳои дафну азодориро барпо кунад ё баръакс, барпо накунад, яъне соҳибихтиёр аст. Қонуни танзим касеро барои барпо намудани маъракаҳои анъанавӣ маҷбуран вазифадор намекунад.

Қонуни танзим дар гузаронидани маъракаҳо, расму ойинҳо вижагиҳо дорад. Барои мисол, Зодрӯз (моддаи 8) ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила баргузор карда мешавад. Мафҳуми оила дар миёни халқҳои дунё ба таври гуногун фаҳмида мешавад. Оилаи сирф тоҷикӣ ба авлод шабоҳат дошта, аз оилаҳои аврупоӣ фарқи калон дорад. Қонуни танзим оила гуфта, алоқаи устувори хешу табориро дар назар дорад, ки бо умумияти зиндагии якҷоя, никоҳи ягона ва баромади хунии умумӣ муттаҳид мешаванд. Ба чунин оила аз бобо, бибӣ то наберагонро фаҳмидан мумкин аст. Дар қонуни мазкур оила ба маънои хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешавад. Оилаи хурд метавонад хешу табори наздикро даъват намояд. Ба қатори хешовандони наздик ба ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ва ё тағои онҳо низ дохил мешаванд. Дар рӯзи тавлиди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик ба талаботи Қонун муқобил нест.

Хатнасур (моддаи 9). Баргузории хатнасур ихтиёрист. Соҳиби маърака дар хатнасур метавонад ош ва ё зиёфат диҳад. Мафҳуми ош ё зиёфат дар Қонуни танзим аз ҳам фарқ доранд. Ҳангоми додани ош соҳиби тӯй бо додани танҳо як хӯрок, яъне ош меҳмонҳоро гусел мекунад. Агар соҳиби тӯй зиёфат доданӣ бошад, он гоҳ метавонад ба меҳмонон ҳам хӯроки якум ва ҳам хӯроки дуюм бо хӯришҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, меваҳои хушк ва самбуса дода, маъракаашро гузаронад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мардуми мамлакат бисёр сабукиҳо овард, барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он мусоидат намуд. Дар муддати дувоздаҳ соли амал ин қонун:

  • ба паст рафтани сатҳи хурофоту таассуб, худнамоию зоҳирпарастӣ ва исрофкорию зиёдаравӣ миёни шаҳрвандони мамлакат боис шуд.
  • низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ ҷорӣ гардид.
  • дар тафаккури мардум миёни хурофоту таассуб ва аҳкоми дини мубини ислом фарқ гузошта шуд.
  • содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ, одамкушӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ аз байн рафтанд.
  • қонуни танзим омили муҳими паст намудани сатҳи камбизоатии мардум гардид.
  • афзоиши шумораи оиладорӣ. Тағйири вазъият дар масъалаи бақайдгирии ақди никоҳ.
  • болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо, омори дақиқи чорабиниҳо.
  • кам шудани забҳи чорво. Сарфаи маблағҳо ба фоидаи буҷаи оилавӣ.
  • таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ.
  • афзоиши пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо аз 20% то 25% .
  • таваҷҷуҳи бештари волидон ба таълиму тарбияи фарзандон, касбомӯзӣ ва гирифтани маълумоти иловагии онҳо.
  • ба ҳукми анъана даромадани эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ.

Дар баробари дастовардҳои дар боло зикргардида дувоздаҳ соли амали Қонуни танзим нишон дод, ки дар татбиқи он ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Дар ин муддат аз ҷониби масъулони соҳаи танзим ҷиноятҳо содир шуда, баъзан шахсони тасодуфӣ ба ин вазифаҳо таъйин мешаванд, суиистифода аз мансабу ҳолатҳои вайрон намудани қонун ба чашм мерасад.

Масъалаи либоспӯшии бархе аз занону духтарони тоҷик аз мушкилоти ҳалталаби рӯз боқӣ монда, андешидани чораҳои қонунгузорӣ, такмили ташаккули зеҳнии ин гурӯҳи осебпазирро талаб дорад. Хусусан, пешниҳоди иқдомҳои зеҳнӣ, аз ҷиҳати рӯҳиву равонӣ ва ғоявӣ содиқ будан ба Ватан, расму ойин ва анъанаҳои некӣ он бисёр муҳим аст.

Тақлид ба фарҳанги либоспӯшии бегона амали ифротӣ кардан аст. Агар ба луғат бингарем, мебинем, ки калимаи “ифрот”-арабист ва аз решаи “фарт”, яъне “авҷ”, ё “ниҳоят” сохта шудааст. Калимаи “ифрот” маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва ё зиёдаравӣ карданро дорад. Ибораи “ифрот кардан” низ ба маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст. Пас, шахси ифротӣ кист? Касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Баъзеҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, дигарон дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Занону духтарони тоҷик дар пайравӣ ҷиҳати аз дар бар кардани либоси бегона аз ҳад гузаронида, ифрот мекунанд. Ба ин маънӣ пайравии кӯр-кӯрона аз либоси миллати дигар гароидан ба фарҳанги дигарон аст.

Либоси баъзе аз занону бонувон, ки имрӯз дар кӯчаю бозорҳо мебинем, сирф хоси фарҳанги саҳронишинонанд ва ҳаргиз тоҷикӣ нестанд. Агар бонувони ҳамин гуна либосҳоро ба бар мекарда боре андеша мекарданд ва дарк менамуданд, ки аз бар кардани либоси бегона аз надонистани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳтиром нагузоштан ба анъанаҳои тоҷикӣ манша мегирад, аз муносибати шахсии ӯ ба расму русум, фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ аз муносибаташ ба Ватан гувоҳӣ медиҳад, шояд ба ин гуна бегонапарастӣ роҳ намедоданд.

Фарҳанги либоспӯшии тоҷикон таърихи бисёрасра дошта, аз нахусткитоби башар «Авесто” ибтидо мегирад. Ниёгони мо либосро вабаста ба ҷинс, синну сол, фаслҳои сол, ранги рӯю мӯй ва қомат ба бар мекарданд. Пироҳани тоҷикӣ ба бар кардан, парастиши фарҳанги либосдории тоҷикӣ, шинаму зебо дӯзонидани он вабаста ба ҳолатҳои зиндагӣ (тӯй, мотам, қабули меҳмон, ба меҳмонӣ рафтан, ба аёдати бемор рафтан … ), дуруст интихоб намудану аз бар кардани либос илму ҳунар буда, бозгӯи тафаккури пешқадами шахс аст. Барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани шаҳрвандон дар масъалаи эҳтироми либоси миллӣ заҳмати мунтазами тарроҳон, дӯзандагон, истеҳсолкунандагони матоъҳои миллӣ ва азбаркунандагони он зарур мебошад. Дар баробари дигар арзишҳои миллӣ либос, анъана, ойин ва расму русум низ муаррифи миллатанд.

Дар охир мулоҳизоти худро мехоҳам бо чунин мисраҳои Мавлавии Балхӣ ба поён бубарам:

Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шӯру шар.
Аз қаноат ҳеҷ кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеҷ кас султон нашуд.

Июль 11, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон