Ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи тобистонаи Ассамблеяи парламентии САҲА иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар Люксембург баргузор гардида истодааст, иштирок дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ба ҳайати мазкур ваклони мардумӣ Олим Салимзода, Ҷурахон Маҷидзода ва Гулбаҳор Назирӣ шомил мебошанд.
«Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се Кумитаи асосии Ассамблеяи Парламентии САҲА роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳокимагардида сухан карда, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва ифротгароии хушунатомез ёдовар шуданд», — афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки ҳайати Парлумони Тоҷикистон оид ба таъмини сулҳ ва бехатарии энергетикӣ дар Афғонистон низ сухан карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур таҳти шиори умумии «Мусоидат ба рушди устувор ба хотири таҳкими бехатарӣ: нақши парламентҳо дар он» 4 июл оғоз гардида, шоми имрӯз, 8 июл ба анҷом мерасад.








Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд






