ҲАМОИШ ДАР НОРАК: оид ба пешгирӣ, боздошти паҳншавии маводи нашъадор ва коҳиши оқибатҳои тиббию иҷтимоии он

Июль 2, 2019 10:57

НОРАК, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши  ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак  бо иштироки намояндагони   Агентии назорати маводи нашъаовари назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  вилояти Хатлон,  мудирони шуъбаю  бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия ва  фаъолону ҷавонон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ва имомхатибону табибон оид ба вазъи имрӯзаи  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мафҳумҳои «нашъаманд» ва «нашъаҷаллоб», гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ, навъҳои маводи мухаддир, истеъмоли ин мавод аз нигоҳи дини мубини ислом маърӯза намуданд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ҳарчанд шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол коҳиш меёбад, аммо вазъи он ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Зеро барои он ки дар оянда тавонем ҷомеи пешрафта бунёд созем, ба мо насли солиму ояндасоз зарур аст.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» амал мекунад, ки дар заминаи татбиқи самараноки барнома чорабиниҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳадафи ниҳоии барнома пешгирӣ ва боздошти паҳншавии маводи фаъолкунанда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ мебошад.

Июль 2, 2019 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид