Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик дар Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид

Июль 20, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Шоми  19 июли соли равон  қувваозмоиҳои даври нимниҳоии VII Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон баргузор шуд. Чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг дар ин давр аз варзишгари мизбон Закир Сафиулин шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол ва сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,   Баҳодур Усмонов  дар даври аввал озод буд, сипас дар чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Дилмурод Межитов дастболо шуд. Закир Сафиулин дар финал бо варзишгари Ҳиндустон Тапа Шива вомехӯрад.

Дар мусобиқа, ки аз рӯи вазнҳои олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) ҷараён дорад, беш аз 110 муштзан аз 11 кишвар — Алҷазоир, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин иштирок доранд.

Баҳодур Усмонов бори аввал дар вазни 63кг муҳориба кард. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё дар вазни 64кг ғолиб омада буд. Қувваозмоиҳои финалӣ имрӯз, 20 июл баргузор мешаванд. Ғолибони мусобиқа ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра – 1000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 доллари ИМА дарёфт мекунанд.

 

Июль 20, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»