Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик дар Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 19 июли соли равон қувваозмоиҳои даври нимниҳоии VII Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон баргузор шуд. Чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг дар ин давр аз варзишгари мизбон Закир Сафиулин шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол ва сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд, сипас дар чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Дилмурод Межитов дастболо шуд. Закир Сафиулин дар финал бо варзишгари Ҳиндустон Тапа Шива вомехӯрад.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи вазнҳои олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) ҷараён дорад, беш аз 110 муштзан аз 11 кишвар — Алҷазоир, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин иштирок доранд.
Баҳодур Усмонов бори аввал дар вазни 63кг муҳориба кард. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё дар вазни 64кг ғолиб омада буд. Қувваозмоиҳои финалӣ имрӯз, 20 июл баргузор мешаванд. Ғолибони мусобиқа ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра – 1000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 доллари ИМА дарёфт мекунанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






